Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз иншооти сершумори ҷашнӣ дар пойтахти кишвар

06.09.2012 20:20, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, зербиноӣ ва варзишию фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки армуғони идона ба истиқболи солгарди 21-уми ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон номида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сиёсати бунёдкорию созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми гӯшаю канори кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе садҳо иншооти наву замонавӣ, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва хизматрасонии маишӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассиаҳои соҳаҳои гуногун мавриди сохтмону навсозӣ қарор доранд.

Тавре зикр гардид, дар остонаи солгарди 21-уми ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе ба масоҳати 32 ҳазор м2 манзили истиқоматӣ, 12 ҳазор м2 биноҳои маъмурӣ ва 10 ҳазор м2 майдончаҳои варзишӣ бо маблағи умумии 184 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар ин рӯзҳо 9 майдони муосири варзишӣ бо масоҳати умумии 11 ҳазор м2, ба маблағи беш аз 4,5 млн. сомонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахти кишвар баҳри истироҳату фароғат ва бо варзиш шуғл варзидани наврасону ҷавонон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки бо дутои онҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз наздик шинос шуд.

Президенти кишвар нахуст ба маҷмааи нави варзишии аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ бунёдшуда ташриф оварда, бо шароити дар он муҳайёгардида шинос шуд.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо майдони калони футбол бо роҳравҳои давидан дар атрофаш ва ҷойҳои нишаст барои тамошобинон, майдони волейболу баскетбол ва корти тенниси калон бо шароити зебои муосир бунёд ёфтааст.

Тавре зикр гардид, пеш дар ин мавзеъ чанд бинои вайрону валангори бекор дар ҳолати ногувор қарор доштаанд. Имрӯз бошад ин ҷо ба як маҷмааи зебою замонавии варзишӣ табдил ёфтааст, ки дар он натанҳо кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, балки ҷавонону наврасони хоҳишманди пойтахт низ метавонанд бо машқу тамрини варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Як майдони варзишии дигар дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино мавриди истифода қарор гирифт, ки аз майдони калони универсалӣ барои футбол, гамбол, давидан ва дигар намудҳои варзиши сабук иборат мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 565 адад иншооти хурду бузурги таъиноти варзишӣ ба дӯстдорони варзиш ва тарбияи бадан хизмат мерасонанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин майдони нави варзишӣ ба мардуми ҷамъомада, хусусан ҷавонон наврасон муроҷиат карда, онҳоро ба машғул шудан ба варзиш, тарбияи бадан ва доштани тарзи ҳаёти солим даъват намуд. 

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаю хиёбонҳои зиёди чор ноҳияи пойтахт ташриф оварда, бо рафти сохтмону таҷҳизи роҳҳои мошингард, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, аз ҷумла дар кӯчаҳои Дӯстии халқҳо ва Айнӣ, хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қаробоев аз наздик шинос шуд. Чунонки зикр гардид, ҳоло 20 км роҳҳои пойтахт мавриди навсозӣ қарор доранд, ки то охири соли равон ба охир мерасад ва 20 км-и дигар дар соли 2013 навсозӣ хоҳад шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки роҳҳои мошингард, пулҳо, эстакадаҳои ду-се ва бисёрқабата, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар иншооти зербинои нақлиётӣ бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ сохта шаванд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои биноҳои навбунёди истиқоматӣ ва хизматрасонии маишӣ ва ҳамчунин боздиди бевосита аз чунин иморатҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 145 иншоот дар ҳоли сохтмон қарор доранд ва 130 адади онҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони аксари биноҳои истиқоматӣ, ки бештар бо талабу дархости худи харидорону мизоҷон иҷро мегардад, баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтару дилоро кардани онҳо маслиҳатҳои муфид дод.

Дар ошёнаи якуми аксари ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонии дигари маишӣ, ошхонаю қаҳвахона ва ғайра ҷойгир шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба як маркази бузурги хизматрасонӣ, ки сохтмону таҷҳизаш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, ташриф оварда, бо шароити дар он муҳайёшуда аз наздик шинос шуд. Тавре аён гардид, ин бинои зебою замонавӣ аз ҳаммоми ба талаби замон ҷавобгӯи дорои толорҳои занонаю мардона, утоқҳои масҳи бадан, буғхонаҳои хушку намнок, ҳавзҳои хурду калон, чойхона бо гиёҳҳои шифобахш ва ҳамчунин аз маркази солимгардонии бадан, сартарошхона, толори ороиши рӯю мӯй ва дигар шароити зарурӣ иборат аст. Ба иттилои соҳибмулк, ин бино то моҳи ноябри соли равон пурра мавриди истифода қарор гирифта, дар он зиёда аз 100 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Мавриди зикри хос аст, ки аксари кулли корҳои лоиҳакашӣ, сохтмону ободонӣ, аз ҷумла роҳсозию биносозӣ ва такмилу таҷҳизи замонавии иншооти онҳо бо талабу дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби корхонаю ширкатҳои ватанӣ анҷом дода мешаванд ва дар онҳо ҳазорон коргару мутахассиси маҳаллӣ бо маоши моҳонаи аз ҳазор то ду ҳазор сомонӣ ва зиёда аз он бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520