Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози сохтмони литсеи Президентӣ дар шаҳри Чкалов

20.03.2008 11:30

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Чанд сол инҷониб ният доштам, ки дар ягон чорабинии наврӯзии мардуми сарбаланди вилояти Суғд бевосита иштирок намоям. Вале ҳар дафъа бинобар тақозои вазифа ва гирифтории корҳо ба он муяссар намегардидам.

Ҳоло аз он шодам, ки Наврӯзи Аҷам, яъне иди бузурги миллати куҳанбунёдамонро, ки бар асари сардиҳои тӯлонии зимистони имсола хеле пазмонаш шудем, бо ҳам ҷашн мегирем.

Аз ин рӯ, бо камоли хушҳолӣ Наврӯзи хуҷастапайро, ки мувофиқи суннати чандҳазорсолаи ниёгонамон оғози соли нав маҳсуб меёбад, ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, бароятон зиндагии ободу осуда, бахту иқболи нек ва барори кор орзӯ менамоям.

Мову шумо аз таърих хуб медонем, ки гузаштагони мо ҳанӯз аз давраҳои қадим бо фарорасии Наврӯз илова ба оғози киштукори баҳорӣ ба созандагиву бунёдкорӣ низ шурӯъ мекарданд.

Бо нияти эҳё намудани ин суннати неки ниёгонамон мо ҳоло барои оғоз бахшидан ба сохтмони бинои литсеи Президентӣ ҷамъ омадаем, ки барои таълиму тарбияи 1300 нафар хонандагони лаёқатманди на танҳо шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, балки тамоми қаламрави кишварамон пешбинӣ шудааст.

Сохтмони ин боргоҳи маърифат ҳанӯз бист сол пеш оғоз ёфта, вале бо сабаби танқисии молиявӣ қатъ гардида буд.

Аз баракати истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот, ки заминаи мусоид ва мустаҳками рушди бемайлон ва устувори иқтисодӣ мебошад, мо барои обод кардани гӯшаҳои гуногуни мамлакат, оғоз намудани сохтмони иншоотҳои бузург, аз ҷумла дар соҳаҳои иҷтимоӣ имконият пайдо кардем.
Литсеи Президентии шаҳри Чкалов низ аз ҳамин силсила аст.

Дар асоси лоиҳаи ҳозиразамон дар ояндаи наздиктарин дар ин ҷо маҷмааи сеошёнае сохта мешавад, ки аз 33 синфхона иборат буда, барои дар сатҳи баланди муосир ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи хонандагон, машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, чорабиниҳои мухталифи беруназсинфӣ ва истироҳату фароғати омӯзгорону тарбиятгирандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Дар ин ҷо ҳамчунин синфхонаҳои таълими фанҳои алоҳида, студияҳои телевизиони таълимӣ, рассомӣ, хореографӣ ва театрӣ пешбинӣ шудаанд, ки бешубҳа ба тарбияи завқи баланди ҳунарӣ ва зебоипарастии шогирдон мусоидат хоҳанд кард.

Ғайр аз ин, дар назди литсей хобгоҳ барои хонандагон ва барои омӯзгорон хонаҳои истиқоматӣ сохта мешаванд. Ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки баробари ба истифода додани таълимгоҳи мазкур зиёда аз сад нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.

Сохтмони литсеи Президентӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сурат мегирад ва мо соли ҷорӣ ба ин мақсад як миллион сомонӣ ҷудо кардаем.

Итминони комил дорем, ки бинои литсей дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд сохта, ба истифода дода мешавад ва дар ояндаи наздик ба яке аз муассисаҳои намунавии таълиму тарбияи хонандагони лаёқатманди кишварамон табдил меёбад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон андешидашуда шароити муассисаҳои соҳаи маориф сол ба сол беҳтар шуда истодааст, ки ин ба тадриҷан баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дараҷаи донишомӯзии толибилмону донишҷӯён мусоидат менамояд.

Соли гузашта аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва ҷалби сармоя аз манбаъҳои гуногун танҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар Қайроқум, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ғончӣ ва Шаҳристон дар маҷмӯъ 29 мактаби нав сохта, 119 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои таълимии вилоят барои харидории ду ҳазор мизу курсиҳои нав ва пардохти саривақтии маоши омӯзгорон маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуданд.

Хурсандиовар аст, ки дар вилоят шумораи мактабҳои навбунёд ва дорои шакли фаъолияти гуногун торафт зиёд мешавад. Ҳоло дар қаламрави вилоят дар баробари мактабҳои таҳсилоти умумӣ 32 гимназия, 18 литсей ва 9 мактаби ғайридавлатӣ бо таълиму тарбияи насли наврас машғуланд.

Хотирнишон месозам, ки мактабҳои шакли фаъолияташон нав бештар бо кӯдакони лаёқатнок сарукор дошта, хонандагонро аз тариқи озмун қабул менамоянд ва ба таълиму тарбияи онҳо омӯзгорони варзидаро ҷалб мекунанд.

Ва табиист, ки сатҳу сифати дониши хонандагони чунин мактабҳо аз дигар муассисаҳои таълимӣ хеле фарқ дорад. Инро аз дастовардҳои хонандагони гимназияи рақами шашуми шаҳри Исфара, гимназияи «Нур»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва литсейи рақами яки шаҳри Хуҷанд, ки дар як қатор мусобиқот ва озмунҳои байналхалқӣ ба даст овардаанд, мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар баробари ин, таъкид бояд кард, ки ҳанӯз вазъи биноҳои таълимӣ ва заминаи моддиву техникии на ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Чунин вазъ, албатта ба кори таълиму тарбия бетаъсир намемонад. Имрӯз қариб 450 мактаби таҳсилоти умумии вилоят ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дорад.

Дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳрҳои Қайроққум, Исфара ва Панҷакент дар 18 мактаб бинобар нарасидани ҷойҳои нишаст баъзе синфҳо ҳоло дар хонаҳои шахсиву вагонҳо ҷойгиранд.

Дар 24 мактаби таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истаравшан, Зафаробод, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон таҳсил дар се баст сурат мегирад.

Мо аз ин мушкилот огоҳ ҳастем ва кӯшиш карда истодаем, ки онҳоро тадриҷан бартараф намоем.

Зеро шумо – ҳозирини мӯҳтарам хуб медонед, ки мо ислоҳоти соҳаи маориф ва рафъи мушкилоти онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон кардаем ва дар доираи он сохтмони мактабҳои нав, таҷдиду барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани мактабҳои мавҷударо бо лавозимоти зарурӣ, инчунин барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳоро сол ба сол вусъат дода истодаем.

Мо ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро минбаъд низ ба он равона мекунем, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оварем.

Ҳадафи мо ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд, касбу ихтисосҳои барои мамлакатамон заруриро азхуд карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд; манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозамонро ба таври шоиста ҳифз намоянд.

Ҳалли ин вазифаҳо роҳбарон ва масъулони соҳаи маорифро вазифадор месозад, ки онҳо ба раванди таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун самти стратегиву ояндасози ҳаёти давлат ва ҷомеа муносибат намуда, дар баробари баланд бардоштани сатҳи таълим, аз ҷумла таълими забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ ҳамчунин ба масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва дар замири шогирдон решадор сохтани ифтихор аз гузаштаи миллати фарҳангии тоҷик, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва расидан ба қадри давлати соҳибистиқлоли тоҷикон низ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Вале тавре ки борҳо гуфтаам, дар масъалаи ташкили шароит барои таълиму тарбияи насли наврас ғайр аз чораҳое, ки аз ҷониби давлат андешида ва амалӣ карда мешаванд, бояд соҳибкорони бонангу номус ва ҳамаи онҳое, ки тақдири ояндаи миллату Ватан барояшон азиз аст, саҳмгузор бошанд.

Зеро шогирдони имрӯза – фарзандони ҳамаи мо ва ояндаи ҳар кадоми мову шумоянд. Итминон дорам, ки мо ҳама якҷоя ва бо кӯшишу ғайрати муштарак соҳаи маорифи кишварамонро ба пояҳои баланд мерасонем ва бо ҳамин роҳ ояндаи неки халқамон ва ободиву шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламонро таъмин месозем.

Бо умеди ободии Тоҷикистони азизамон ва хушбахтии мардуми шарифи он бори дигар шумо ширкаткунандагони маҳфили имрӯза ва ҳамаи мардуми сарбаланди вилояти Суғдро бо фарорасии иди Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва ба сохтмончиёни литсеи Президентӣ барори кор орзумандам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520