Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ахбороти Вазири кишоварзӣ, Вазири мелиоратсия ва хоҷагии об, раисони шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ

10.03.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ахбороти Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Саид Ёқубзод инчунин раисони шаҳрҳои Душанбе – Маҳмадсаид Убайдуллоев, Ваҳдат – Анвари Вайсиддин, Турсунзода – Баракатулло Ахмедов ва ноҳияи Рӯдаки Мансур Қодировро оид ба ҷараёни иҷрои муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар доир ба ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва ҳамчунин суръат бахшидани киштукори баҳорӣ, ки чанде пеш дар маҷлиси Ҳукумат зикр карда буд шунид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба вусъат додани суръати корҳои кишоварзӣ, ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба кишти баҳорӣ, таъмини хоҷагиҳо бо техникаи зарурӣ, дуруст ба истифода додани иншоотҳои обёрикунанда, ва ҳамчунин барқарор намудани боғоти мавҷуда ва бунёди боғу токзори нав, вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ва дигар корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Турсунзода супориш дод, ки дар мавсими ҷараёндошта 500 гектар боғи нави намунавии ангур бунёд намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520