Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ барои дастгирии бахши кишоварзии вилояти Суғд

10.03.2008 15:00

Рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ, ки аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад, пайваста зери назорат ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд боз 20 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ барои дастгирии бахши кишоварзии он ҷудо карда шуд, ки ин ғамхории навбатӣ ва бевоситаи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии шӯҳрати кишоварзон номдори Тоҷикистон аст.

Ин ва дигар ғамхориҳое, ки ба бахшҳои боғутокпарварӣ, ниҳолпарварӣ, чорводорӣ, парвариши занбӯри асал ва хусусан ба бахши кишоварзӣ зоҳир мегардад, ба афзоиш додани истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва паст кардани ниёзмандии иқтисодиёти кишвар аз омилҳои манфии беруна равона мегардад.

Ҳадафи асосӣ аз муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар низ баҳри истифодаи босамар аз ҳар як ваҷаб заминҳои киштбоб ва ҳарчи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза, аз ҷумла ғалладона дар дохили ҷумҳурӣ маҳз ҳамин аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520