Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони сохторҳои қударӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар

03.03.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қударӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзӯр намудани омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳифзи марзҳои давлатӣ ва ҳамчунин таҳкими интизом дар сохторҳои низомӣ баррасӣ шуд.

Дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ ва рафти кушодани ҷиноятҳои муташаккилона гузориши Прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов, Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов шунида шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, риояи бечунучарои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили таъмини шароити хуби хизматӣ ва буду бош дар қисмҳои ҳарбӣ, сохтмони отряд ва заставаҳои нави сарҳадӣ, истифодаи босамари маблағҳои ҷудогашта ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони сохторҳои низомӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар ин самтҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бо истифодаи пурсамар аз ҳар як ваҷаб замини корӣ ва ривоҷ додани корҳои ободонию кабудизоркунӣ ба сохторҳои низомӣ низ дахл дорад.

Роҳбарони сохторҳои номбурда вазифадор шуданд, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, таҳкими бештари қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520