Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ниҳолшинонӣ

01.03.2008 16:00

 

Муроҷиати дирӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар оид ба ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва ҳамчунин суръат бахшидани киштукори баҳорӣ дар тамоми гӯшаю канори мамлакат мавриди дастгирию ҳамовозии аҳолӣ қарор гирифт.

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда, баҳри татбиқи амалии нишондодҳои муроҷиатномаи дирӯзаи худ ба ҳашари ниҳолшинонии саҳни ҳавлии Қасри миллат баромад.

Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ, ки мужда аз оғози фасли баҳору шукуфоӣ, такони тоза пайдо намудани киштукори замин ва корҳои ободонию созандагӣ аст, беш аз 300 нафар кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бо мақсади ҳарчи зудтар ободу зебо намудани атрофи Қасри миллат, ки бунёди он имрӯзҳо аз ҷониби беҳтарин сохтмончиёни ватанию хориҷӣ бо суръату сифати баланд муташаккилона идома дорад, дар ин мавзеъ асосан ниҳолҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳандаи калонсолу бузургҷусса шинонда мешаванд.

Таҷрибаи дар ҷойи нав шинондани ниҳолҳои калонсолу бузургҷусса давоми чанд соли охир бо ташаббусу ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Чунонки воқеият нишон дод, дар ҳолати риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ чунин ниҳолҳо нашъунамои хуб мекунанд, ҳарчанд мутахассисони ботаҷрибаи соҳа ҳушдор медоданд, ки дарахтҳои калон дар ҷойи нав намесабзанд.

Бо боварию эътимод метавон гуфт, ки дастгирию ҳамовозӣ пайдо намудани муроҷиати дирӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ва рӯ овардани аҳолӣ ба меҳнати пурмаҳсулу неъматофарӣ боиси ободу зебо гаштани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз ва таъмини фаровонҳосилии соли равон мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520