Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба солгарди 15-уми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

23.02.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 15-уми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Қобили таъкид аст, ки 15 сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида мӯҳлати кӯтоҳ аст, вале давлати мо зери сарварии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин муддат дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва ин албатта самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст.

Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт барои иштирок дар чорабинии марказии 15-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беш аз 1000 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар ҷамъ омада буданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронии худ понздаҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳозирин ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, дар фароҳам овардани шароити орому осудаи имрӯза саҳми арзанда гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти сангини солҳои аввали истиқлолияти давлатии кишвар ва шароити вазнини бунёди Артиши миллӣ ёдовар шуда, хизматчиёни ҳарбӣ ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба шукргузорӣ аз фазои имрӯзаи орому осуда ва пешрафту шукуфоии мамлакат ҳидоят намуд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи зиндагиву фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки нақшаи дурнамои сохтмони шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва манзилро барои онҳо дар давраи солҳои 2009-2020 таҳия ва амалӣ намоянд.

Вазорату идораҳои низомии кишвар вазифадор гардиданд, ки кори таълиму тарбияи ҳайати шахсиро бо истифода аз усулҳои наву самарабахш ва риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ пурзӯр намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро ба ифтихору сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлоли худ даъват намуда, таъкид дошт, ки мо бояд онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарра хоки Ватан ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба бояд ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати сарбозии худ дар флоти ҳарбии собиқ Артиши Шӯравӣ ёдовар шуда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро мактаби хуби матонату шуҷоат, ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонию рӯҳӣ маънидод кард ва таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмарди солим ҳам қарз асту ҳам фарз.

Суханҳои падарона ва бисёр самимию пандомези Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли толор бисёр хуш омад ва бо кафкӯбию фараҳмандӣ пазируфта шуд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15-уми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо консерти бошукӯҳи идона, ки аз ҷониби устодони санъати Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбӣ омода гаштааст, ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520