Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

23.02.2008 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машаварат масоили татбиқи амалии натиҷаҳои вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикистониёни муқими Россия, ки рӯзҳои 21 ва 22 феврал дар шаҳри Маскав ҷараён доштанд, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати амалӣ намудани натиҷаҳои ин вохӯриҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тоҷикону тоҷикистониёни муқими Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани дониши ҳуқуқии онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масоили бартарфсозии бӯҳрони энергетикии кишвар, таъмини кори мунтазами корхонаю муасисаҳои истеҳсолӣ, ривоҷ додани киштукори баҳорӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои маорифу фарҳанг таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор дастуру ҳидоятҳо дод

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520