Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори муассисаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Марк Данзон

19.02.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори муассисаи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Марк Данзонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти он барои таҳкими робитаҳои судбахш ва ҳамчунин баҳри дар ҳолати бӯҳронии имрӯза таъҷилан ба кӯмаки кишвари мо рӯ овардан арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Марк Данзон дар навбати худ изҳор дошт, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва шахсан худи ӯ ба Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот кӯмаки беғаразона мерасонад. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷиҳати расондани кӯмакҳои фаврӣ баҳри бартараф намудани мушкилоти имрӯзаи муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла барои кори доимии беморхонаҳо ва таъминоти онҳо бо нерӯи барқ, доруворӣ ва дигар ашёи зарурӣ ҷомеаи ҷаҳониро ташвиқ хоҳад намуд.

Ҷонибҳо оид ба тафсилоти ҳамкории муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҷараёни ислоҳоти соҳа дар кишвар, тадбирҳои муштараки зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос ва беҳтарсозии заминаи моддию техникии ин соҳа дар ҷумҳурии мо гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри идомаи ҳамкории судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520