Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

13.02.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва дигар шахсони дахлдор оид ба омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва масоили механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ машварати корӣ доир намуд.

Зимни машварат нахуст гузориши шахсони масъул оид ба масоили номбурда шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки имрӯз байни хоҷагиҳои пахтакор ва бонкҳои кишвар барои 90 миллион сомонӣ шартномаҳо баста шудаанд. То имрӯз ба пахтакорон аллакай 43 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Раванди бастани шартномаҳо ва гирифтани қарзҳо идома дорад.

Таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф танҳо аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бонкҳои тиҷоратии кишвар 110 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Маблағҳои дигар ҳамчунин аз ҳисоби худи бонкҳо ва муассисаҳои байналмилалии сармоягузорӣ ҷудо мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати таъминоти саривақтии пахтакорон бо техникаю таҷҳизот, маводи сӯхту молиданӣ, тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва ҳамчунин баҳри тезондани шудгори заминҳои корам, ба кор омода кардани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, ривоҷ додани ниҳолпарварӣ, рушди боғутокпарварӣ ва ба ҳаҷми зарурӣ таъмин намудани захираҳои давлатии неъматҳои моддӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ба масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат дастур дода шуд, ки ҳамоҳангии кори тамоми вазорату идораҳои дахлдор, бонкҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва муассисаҳои байналмилалии молиявиро таъмин намоянд.

Таъкид гардид, ки барои таъминоти хуби бозори истеъмолии кишвар тамоми заминҳои киштбоби обию лалмӣ, аз ҷумла заминҳои таллу теппа низ бояд бекор намонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷӯҳи масъулинро ба дигар масоили ҳалталаб ҷалб намуда, доир ба такон додани корҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520