Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корхои хориҷии Миср Сомир Абдулазиз Абдуллоҳ Халилро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.
«Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мисри Араб бори дигар изҳор менамоем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем», изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои сафари расмии порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мисри Араб изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба татбиқи босамари санадҳои дар ин сафар баимзорасида, фаъол намудани Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва доир ба барномаи ҳамкории техникии минбаъдаи ду кишвар гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Зимни сӯҳбат соҳаҳои гидроэнергетика, дорусозӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, кимиё, саноати сабуку хӯрокворӣ, туризм ва ғайра самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар маънидод гаштанд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили сиёсати минтақавию байналмилалӣ, равобити байни кишварҳои мусулмонӣ, ҳамгироиҳои муштараки зиддитеррористӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои дини мубини Ислом табодули назар карда шуд.