Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

28.01.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба назорати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 ва вазифаҳо барои соли 2008" ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати мамлакат баён гаштанд, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, рафти иҷрои санадҳои дастуриро зери назорати қатъӣ гиранд.

Ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати вусъат ва бо сифати баланд анҷом додани нақшаҳо дар соҳаҳои сохтмон ва саноат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба масъулини соҳаи энергетикаи кишвар ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани шумораи нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар ҳамаи минтақаҳои имконпазир, афзун намудани иқтидори марказҳои истеҳсоли гармӣ ва нерӯи барқ, ду баробар зиёд кардани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ ва аз боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти зарфҳо ва таҷҳизоти гази моеъ чораҳои зарурӣ андешанд.

Масъулини дахлдор вазифадор шуданд, ки оид ба захира намудани маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи мардум ва ҳамчунин таъмини фаровонии бозори истеъмолии кишвар чораҳои саривақтӣ андешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷиҳати ғамхорӣ намудан ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва вусъат додани корҳо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба роҳбарони сохторҳои масъул дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520