Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат, ки бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовирони давлатӣ ва ёварони Сарвари давлат ва дигар шахсони масъул ҷараён гирифт, рафти иҷрои амру фармонҳои Президенти кишвар ва дастуру супоришҳои дар вақти сафарҳои дохилӣ додашуда баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки иҷрои босамар, саривақтӣ ва босифати амру фармон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои охири корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон додашуда, ки моҳиятан ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дахл доштанд, зоҳир карда шуд.