Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.