Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки омӯзиши таҷрибаи ғании парламентаризми Финландия ва татбиқи амалии дастовардҳои ибратбахши он дар Тоҷикистон амри судманд хоҳад буд.
Ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои барпо намудани робитаи доимии судбахш аз ҳисоби вакилони мардумӣ гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистону Финландия таъсис медиҳанд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими робитаҳо бо парлумони Иттиҳоди Аврупо ва муассисаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сурат гирифт.