Субҳи рӯзи 25 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳелсинки бо Сарвазири Ҷумҳурии Финландия Катайнен Юрки мулоқот намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоту музокироте, ки дирӯз бо Президент, Раиси Парлумон ва Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон анҷом дод, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ҳамкории судманди ду кишвар дар самтҳои афзали муайяншуда бояд густариш ёбад.
Сарвазири Финландия Катайнен Юрки бо назардошти мавқеи калидии ҷуғрофии Тоҷикистон дар минтақаи худ ва имконоти фарохи рушди ҳамкорӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъкид дошт, ки Финландия ва ширкатҳои сершумори он ба иштирок дар табиқи лоиҳаҳои судбахши иқтисодию тиҷоратӣ ва инфрасохторӣ дар масири Шоҳроҳи Абрешим ҳавасманд аст.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар ин минтақа ба эҳёи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам таҳкими амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ мусоидат карда, ба манфиати ҳамагон аст.