Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз,
Ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Туркияро самимона табрику таҳният менамоям.
Тоҷикистон барои рушду нумӯъи ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба бародари азизам, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсту бародари Туркия шукуфоиву саодат таманно дорам.