Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба вазифаи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка сарфарозам табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ба Шумо бифиристам.
Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикии худро бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка, ки фарогири ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мебошанд, баланд арзёбӣ менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба рушду тавсеаи минбаъдаи доираи робитаҳои гуногунҷанба бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъкид намуда, ҷиҳати тақвияти ин раванд омодагии хешро барои идомаи муколамаи созанда байни ду давлати ба ҳам дӯст дар ҳамаи сатҳҳо иброз менамоям.
Бо камоли хушнудӣ ба Шумо сиҳатии комилу саодатмандӣ, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Америка - пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.