Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

2012 - соли арҷгузории олӣ ба ваҳдати миллии Тоҷикистон

15.01.2013 10:30

Соли 2012 дар таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол чун соли таҷлили солгарди 15-уми ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Савдо қабул шудани Тоҷикистон дар ёдҳо мемонад.

Соли 2012 барои Тоҷикистон ҳамчунин чун соли рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ буд, зеро новобаста аз буҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, ҷараёни дигаргунсозиҳо барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дастрасӣ ба бозорҳои молӣ идома ёфта, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардида, дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4600 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011-ум 17,7 фоиз зиёд аст.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ дар соли 2012 -ум 6,4 фоизро ташкил дод. Нақшаи иҷрои даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар сатҳи 101,4 фоиз таъмин гардида, ба он 10 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд.

Дар соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни 12 сафар аз 21 шаҳру ноҳияи кишвар дидан карда, бо вазъи зиндагии мардум аз наздик шинос шуд. Дар ҷараёни ин сафарҳо садҳо иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, бунёди садҳо таъсисаи дигар оғоз ёфт, ки аз татбиқи босамари сиёсати созандагию бунёдкории давлату ҳукумати кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, Сарвари давлат аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Хуҷанд (2 бор), Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Исфара, Чкалов, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Қайроққум, Данғара (2 дафъа) Ёвон, Рашт, Тавилдара, Роғун, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Ҳисор (3 маротиба) дидан карда, ба ҷараёни рушду нумуи онҳо такон бахшид.

Нахустин сафари дохилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи майи соли 2012 ба ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва Данғара рост омад. Ҳадафи сафар ба ноҳияҳои Рашту Тавилдара шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардуми аз боришоти зиёди борон ва заминларзаи рӯзи 13 май зарардида ва чораҳо андешидан барои ёрӣ ба мардум ва барқарор намудани манзили истиқоматӣ ва дигар биноҳои пурра ва ё қисман харобгардида буд.

Сарвари давлат ба масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дод, ки хонаҳои харобгаштаи ноҳияи Раштро то моҳи сентябри соли 2012 бо ашёи рӯзгорашон барқарор намоянд.

Аён гардид, ки асосан хонаҳои деҳоти хурд-хурди ноҳияи Тавилдара, ки аз сангу лой бе истифода аз семент ва дигар масолеҳи сохтмонии устуворкунанда, бе риояи қоидаҳои бехатарӣ ва аксаран дар роҳҳои селгузар ва ё мавзеъҳои фуруд омадани ярчу тарма сохта шудаанд, қисман ва ё пурра хароб гаштаанд. Аз ин хотир, худи сокинони ин деҳот дархост намуданд, ки онҳо ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчонда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки ҳарчи зудтар ҳаҷми зарари расида ва шумораи оилаҳои бесарпаноҳ мондаро дақиқ намуда, ба ҳамаи оилаҳое, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дидаанд, барои сохтмони хонаҳои нав дар мавзеъҳои бехавфи зодгоҳашон ва ё дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон замини наздиҳавлӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо намоянд. Маҳаллаҳои нави аҳолинишинро бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои барқу об ва ғайра бунёд кунанд.

Тибқи супориши дигари Сарвари давлат, дар ҷойи мактаби харобгардидаи деҳаи Руботноли ноҳияи Тавилдара, як мактаби нави замонавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ва таҷҳизонида хоҳад шуд.

Соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 2 сафари корӣ ба ноҳияи Данғара анҷом дод. Рӯзи 17 май дар ноҳияи Данғара бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, ҳамроҳ бо онҳо дар ҳашари умумии дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво иштирок намуд.

Президенти кишвар таъкид дошт, ки дар сурати хуб ҷамъоварӣ ва захира кардани алафҳои табиӣ ноҳияи Данғара метавонад натанҳо талаботи худро пурра бо хӯроки дурушти чорво таъмин намояд, балки ба ноҳияҳои зиёди дигар ёрӣ расонад.

Бо ёдоварӣ аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва ба норасоии хӯроки чорво рӯ ба рӯ омадани бештари чорводорони кишвар, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ таъкид кард, ки мардумро ба дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии фаровони он сафарбар намоянд.

Зимни сафари дуюми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, ки моҳи сентябр ҷараён гирифт, пеш аз ҳама 2 мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонии рақами 70, ки аз ҷониби "Тоҷиксодиротбонк" бо харҷи 16 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дорои 24 синфхонаи зебову муҷаҳҳаз барои 1300 хонанда дар ду баст мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми роҳбарияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро "посухи арзандаи соҳибкорони хусусӣ ба даъватҳои Сарвари давлат доир ба иштироки васеъ дар ободонии Тоҷикистони азиз ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон" номида, ба онҳо арзи сипос кард.

Дувумӣ мактаби зебои президентӣ буд, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Солҳои охир бо ибтикори наҷиби Президенти кишвар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мактабу литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд меёбанд ва ин 7-умин мактаб аз ин силсила мебошад. Ин мактаби хуштарҳи замонавӣ барои 640 нафар хонандаи болаёқат аз ноҳияи Данғара ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон ба ин мактаб аз тариқи озмун қабул карда мешаванд. Барои омӯзгороне, ки аз роҳҳои дур барои кор ба ин мактаб ҷалб мешаванд, се бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо 90 хона бунёд меёбад. Ҳоло як бинои он бо 30 хона мавриди истифода қарор дорад.

Мактаб барои ҳамаи 640 нафар хонанда 2 хобгоҳ дорад - яке барои писарон ва дувумӣ барои духтарон, ки дорои ҳама шароитҳои хондану зистан мебошанд.

Дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори чанд хоҷагии деҳқонӣ ва анбори ғалладонагиҳои хоҷагии "Сомонҷон" шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ноҳияи Данғара калонтарин ноҳияи ғаллакори кишвар буда, натанҳо бо ҳосили фаровони ғалла, балки бо рушди босуботи боғдорӣ, пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорию парандапарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад. Ҷамъбасти натиҷаҳо нишон дод, ки аҳли заҳмати ноҳия аз ҳамаи намуди хоҷагиҳо беш аз 100 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намудаанд.

Ғаллакорони ноҳия, натанҳо дар истеҳсол ва фурӯши ғаллаи истеъмолӣ, балки ғаллаи тухмӣ низ таҷриба ва малакаи баланд доранд. Танҳо соли 2012 наздики 5 ҳазор тонна тухмии ғалла омода шуд. Умуман дар ноҳияи Данғара он рӯзҳо беш аз 10 ҳазор тонна ғаллаи тухмӣ барои фурӯш омода буд.

Соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 маротиба ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари якум ба ин ноҳия, ки ба моҳи май рост омад, бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуд.

Дар яке аз фермаҳои чорводории хоҷагии "Баракат", аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо ширдӯшии мошинӣ бо навтарин технологияи олмонӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сусти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода изҳори нигаронӣ карда, барои тезондани он ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.

Ба кори ибратбахши деҳқонону чорводорони асили хоҷагиҳои деҳқонии "Ватан" ба номи Ҳайдар Миров ва хоҷагии чорводории "Баракат"-и ин ноҳия ошно гардид.

Бори дуюм Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 октябр ба боғу токзор ва заминҳои полезии лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, дар ҷамъоварии ҳосили фаровони заҳмати деҳқонону боғпарварон бевосита иштирок намуд. Дар ин боғу токзори лалмӣ, ки бо супоришу ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст, зиёда аз 5 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор, маоши хуб ва ҳамчунин бо меваи хушлаззату ҳезум таъмин мегарданд. Аҳолии деҳоти атроф қаблан дар ин заминҳо гандуми лалмӣ кишт карда, ҳосили ночиз мегирифтаанд. Ҳоло бошад, даромаднокии онҳо аз боғу токзор даҳҳо маротиб афзудааст.

Зимни боздиди сеюми худ аз ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайратободи Ҷамоати деҳоти Сомон як мактаби нави замонавиро, ки бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва ба сохтмони қариб 10 иншооти ҷашнӣ, ки то соли 2015 ба истиқболи солгарди сеҳазоруми Ҳисори Шодмон бояд сохта ба истифода дода шаванд, оғоз бахшид.

Дар миёни онҳо варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, Муҷтамаи гимназияи президентӣ, ки барои 640 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ шуда, дорои биноҳои таълимӣ, 2 хобгоҳи алоҳида барои писарон ва духтарон, 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 72 хона барои омӯзгорон ва дигар биною иншооти ёрирасон хоҳад буд, Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ дар майдони 23 га, чойхонаи боҳашамати мил-лӣ, як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст, қасри боҳашамати фарҳангӣ бо 700 ҷойи нишаст дар толори асосиаш, бинои сеошёнаи китобхона ва бинои 4-ошёнаи осорхонаи Ҳисори Шодмон мебошанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ, ки дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад, шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, навбати аввали он моҳи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он соле то 450 ҳазор тонна оҳанпора коркард хоҳад шуд. Дар навбати дуюми корхона истеҳсоли маҳсулот аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳо, ки аз конҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дастрас мегарданд, ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.

Дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳати Ҳисор ва кулли Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Академияи футболи "Истиқлол" мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.

Аз миёни 2 ҳазор нафар довталаб тариқи озмун 80 нафар наврас қабул шуд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад. Академияи футболи «Истиқлол» бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасро барои омӯзиш қабул намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур дод, ки дар ин ҷо боз як бинои таълимӣ сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дӯстдорони навраси футбол дар ин академия натанҳо маҳорату малакаи футболбозӣ меомӯзанд, балки ҳамзамон ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.

Вақти бозгашт аз ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ба рафти корҳои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода шинос шуд.

Корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъсозӣ ва устуворгардонии қабати поёнии роҳ дар 37 км ин шоҳроҳ бо суръати баланд идома дорад. Ба ин кор 200 техникаю механизми роҳсозию боркашонӣ ва 531 нафар роҳсоз, ки зиёда аз 70 фоизашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ҷалб шудаанд. Аз моҳи апрел то моҳи декабр дар ин қитъаи роҳ ба ҳаҷми 14 миллион доллари амрикоӣ корҳо иҷро гардидаанд. Таъкид гардид, ки тамоми корҳо бо сифати олии сатҳи байналмилалӣ анҷом дода шаванд, зеро ин нахустин роҳи дараҷаи якум дар Тоҷикистон хоҳад буд ва он аз дигар роҳҳо бояд фарқи калон дошта бошад.

Зимни се сафари корӣ ба вилояти Суғд, ки дар моҳҳои июн, октябр ва ноябр ҷараён доштанд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Қайроққум, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Шаҳристон ва Айнию Панҷакент ташриф овард.

Ҳангоми сафари якум, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии ин санаи фархундаро ба истифода дода, ба сохтмони чандин иншооти дигар оғоз бахшид ва ҳамчунин аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай "Рисолати сулҳҷӯёна" назорат намуд.

Дар шаҳри Чкалов бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи хуштарҳу замонавии мактаби президентӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо харҷи 5,5 млн. сомонӣ бунёд ёфта, дорои 61 ҳуҷра барои 400 нафар хонанда мебошад. Хобгоҳ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла катҳои дуқабатаи хоб, ҷевонҳои либосу китоб, мизу курсӣ, толори варзишӣ ва лавозимоти машқ муҷаҳҳаз шудааст.

Президенти кишвар барои дастгирии рушди минбаъдаи сифати таълиму тарбия ба масъулон дастур дод, ки то моҳи сентябри соли 2013 дар назди он як бинои истиқоматии дорои 46 хона сохта барои истифода ба омӯзгорон диҳанд.

Дар шаҳри Чкалов Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба коргоҳҳои ширкати "Элегант" ташриф оварда, бо кори ибратбахшу пурсамари соҳибкорони маҳаллӣ шинос шуд.

Тавре маълум шуд, дар ин корхона ҳоло 70 нафар коргару мутахассис соҳиби кори доимӣ шуда, аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Роҳбарият ва мутахассисони ширкат дар асоси супориши Сарвари давлат марҳилаи нави рушди соҳа - ҳосил намудани нах ва пахтаи минералӣ аз санги табииро ба роҳ монданианд, ки лоиҳаи нави инноватсионӣ мебошад. Нах ва пахтаи минералӣ минбаъд барои бетағйир нигоҳ доштани гармӣ ва ё сардӣ дар хонаю иморатҳо ва ҳам зарфу лӯлаҳои нигоҳдорӣ ва ё интиқоли моеъ истифода шуда, боиси сарфаи сӯзишворӣ барои ин ҳадафҳо мегардад. Дар ин корхона 300 нафари дигар бо кор таъмин хоҳад шуд.

Сипас дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави "Равзана пластик" ифтитоҳ ёфт.

Ин нахустин корхонаи истеҳсолкунандаи профилҳои пластикӣ дар Тоҷикистон буда, бо харҷи 1,2 млн. доллари амрикоӣ бунёд ёфта, бо 3 хати технологӣ барои тавлиди 7 намуди профилҳои пластикӣ омода шудааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" 7 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, 13 субъекти дигар ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло дар субъектҳои ин муассиса истеҳсоли зиёда аз 20 намуд қубурҳои пластикӣ бо қутрҳои гуногун, ноқилҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, обкашҳои амудӣ ва рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешавад.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо соли 2011 65 корхонаи нави хурду миёна бунёд ёфта, дар онҳо 2300 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд. Соли 2012 бошад, тибқи нақша бояд 100 корхонаи нав бо 3,5 ҳазор ҷой ба кор дароварда шавад.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо соҳибкорони ватанӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар сиёсати дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва афзалият додан ба соҳаҳои таъминкунандаи бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаро босубот идома медиҳад.

Дар шаҳри Конибодом, ки яке аз минтақаҳои муҳими саноатию кишоварзии вилояти Суғд ба шумор меравад, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон навсозии роҳҳои дохилии он оғоз ёфт. Барои ин мошину механизми зиёди муосири роҳсозӣ сафарбар гардидааст. Сарвари давлат дастур дод, ки худи ҳамин сол ҳамаи 11 км роҳҳои дохили шаҳри Конибодом пурра навсозӣ шавад ва мужда расонд, ки барои ин 3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешавад.

Сипас Маркази тиҷоратию истеҳсолии "Созмон" мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он 55 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Дилмурод Отахонов уҳдадорӣ гирифт, ки коргоҳҳои истеҳсолиро васеъ намуда, дар зарфи як соли оянда боз 150 ҷойи нави корӣ муҳайё месозад.

Дар гӯшаи дигари шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат як мактаби наву замонавӣ, ки бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои валангор бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Мактаб дорои 40 синфхона, 8 утоқи корӣ, ошхона, майдончаи варзишӣ ва ғайра буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Аз ифтитоҳи он мактаббачагон ва волидони онҳо басо шод гардиданд, зеро то ин вақт дар маҳалли мазкур ягон мактаб вуҷуд надоштааст.

Дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дарави ғаллаи обӣ оғоз ёфт. Маслиҳат дода шуд, ки ҳосили ғалларо аз ин ва дигар заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрориро ба роҳ монанд, то ки истифодаи пурсамари он ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил таъмин гардад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин анвои гуногуни меваю сабзавот, тухмиҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, асали баҳорӣ ва дигар маҳсулот ба намоиш гузошта шуд.

Зимни шиносоӣ бо гӯшаи занбӯрпарварон, аз ҷумла зикр гардид, баъди қабули Барномаи давлатии рушди ин бахш, яъне аз соли 2003 то кунун истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбӯр беш аз 7 баробар афзудааст.

Дар шаҳри Исфара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мавзеи Моҳпарӣ ташриф оварда, бо ҷараёни шодоб гардондани заминҳои ташналаб шинос шуд. Тавре зикр гардид, 8 километри канали обёрӣ, ки дарозии умумиаш 10 км хоҳад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моҳпарӣ расидааст. Дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба канали Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд. Намунаи ибрат аст, ки беш аз 4 километри ин канал дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд. Бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд 3 ҳазор га замин шодоб ва дар 800 гектари он барои беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор кас маҳаллаҳои нав бунёд гардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани хишти аввал ба мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид.

Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммом ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд. Дар ин мавзеъ асосан оилаҳои ниёзманди деҳаҳои сераҳолии Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ, Кулкант, Нефтобод ва ғайра, ки мушкилоти ҷиддии манзилӣ доранд, ҷойгир карда мешаванд.

Дар маркази шаҳри Исфара бо иштироки Сарвари давлат се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ифтитоҳ ёфт. Дар 3 корхона беш аз 220 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Маҳсулоти ин се корхона асосан ба содирот ба Русия, Беларусу Украина ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронда шудааст.

То охири соли 2013 шумораи корхонаҳои коркард ва бастубанди меваи хушк дар шаҳр ба 15 адад мерасад. Соҳибкорони исфарагӣ азм доранд, ки як адад чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб низ бунёд намуда, меваю сабзавоти ин минтақаи пурфайзу баракатро мавриди коркарди саноатӣ ва бастубанд қарор диҳанд ва иқтидори содиротии ширкатҳои худро афзун намоянд.

Зимни боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳр дастур дода шуд, ки онро навсозӣ намуда, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст созанд.

Дар ин сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷараёни қисмати ниҳоии машқҳои байналмилалии ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва неруҳои махсуси давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки бори нахуст дар Тоҷикистон сурат мегирифт, дар машқгоҳи ҳарбии Чоруқдаррони вилояти Суғд назорат намуд.

Барои иштирок дар ин машқҳо беш аз 2,5 ҳазор низомӣ, зиёда аз 300 адад техникаи вазнини зиреҳпӯш ва 50 чархболу ҳавопаймои ҷангӣ сафарбар шуда буд.

Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати муштараки нишондодаи иштирокдорони машқҳо баҳои баланд дода, роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишварро ба тақвияти доимии омодагии ҳарбии ҳайати шахсӣ ва пайваста сайқал додани маҳорати касбии онҳо ҳидоят намуд.

Зимни сафари дуюм ба вилояти Суғд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Қайроққум ва Хуҷанд дидан карда, як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, зербиноӣ ва фарҳангиро ифтитоҳ намуд ва бо мардуми касбу кори гуногун суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактаби нави замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки бо маблағи қариб 4 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои 640 хонанда дар ду баст бунёд ёфта, дорои 25 синфхонаи таълимии ҷавобгӯ ба ҳама талаботи замон ва озмоишгоҳҳои фаннии физика, кимиё, ҳамчунин дорои толори калону барҳавои варзишӣ мебошад.

Дар шаҳри Панҷакент Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, ки дарозиаш 114 км ва паҳноияш 12-15 метр аст, оғоз бахшид. Ин лоиҳа бо харҷи 650 миллион сомонӣ татбиқ мегардад, ки наздики 500 миллиони он маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд мебошад. Дар доираи ин лоиҳа, ҳамчунин 60 км роҳҳои маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент навсозӣ мешаванд.

Ин лоиҳа ҳамчунин сохтмону навсозии 31 адад пулро бо масофаи қариб 900 метр ва чароғон намудани 41 километр роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳро ба маблағи 12 миллион сомонӣ дар назар дорад.

Ҳангоми татбиқи ин лоиҳа то 500 нафар сокини маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳад буд.

Пас аз ин боз як рӯйдоди пурфараҳ ба миён омад - нақби мошингарди Шаҳристон, ки дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аст, ифтитоҳ ёфт. Пас аз буридани лентаи рамзӣ, қатори мошинҳои Сарвари давлат ва ҳамроҳони ӯ аввалин шуда, аз ҷануб ба шимоли нақб убур карданд.

Ба бунёду таҷҳизи нақби мошингарди Шаҳристон, ки дарозиаш 5253 метр мебошад, бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муҳандисону бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузург саҳми сазовор гузоштаанд, хусусан ба роҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мутахассисони роҳсози ин кишвар изҳори сипос кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 57 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи умумии беш аз 9 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи онҳо ояндаи наздик боз садҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо сохта ва ё навсозӣ хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ дар деҳаи Қалъачаи Гули Зард, ки бо сарфи 4 миллион сомонӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва варзишгоҳи марказии шаҳр баъди тармиму навсозии куллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан, ки бо харҷи 13 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ навсозӣ ва дорои 18 ҳазор ҷойи нишаст гардид, бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ифтитоҳи нақби мошингарди Шаҳристон барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ намоиш дода шуд, ки саршор аз саҳнаҳои тарғибгари бунёдкорию созандагӣ, ваҳдатофарӣ ва сулҳу осоишу дӯстӣ буд.

Дар шаҳри Истаравшан, ҳамчунин бинои нави филиали "Агроинвестбонк" бо 65 ҷойи корӣ ва бинои чорошёнаи Маркази тиҷоратию хизматрасонии "Ситораи Шарқ" бо 120 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар тарабхонаи бо нақшу нигор ва кандакории тоҷикӣ ороёфтаи марказ аз ҷониби ин соҳибмулки хусусӣ барои 11 ҷуфти ҷавони навхонадор ва 33 писарча аз оилаҳои ниёзманд тӯйи арусӣ ва хатнасури якҷоя ороста шуд.

Дар шаҳраки Консойи шаҳри Қайроққум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи саноатии "Апрелевка" ташриф овард. Дар заминаи ин корхонаи дар гузашта овозадор бо сармоягузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати канадагии "Далф" ширкати муштараки истеҳсоли тиллою нуқра бунёд ёфтааст, ки дар он беш аз 850 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. 51% саҳмияҳои корхона аз Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% аз ширкати "Далф"-и Канада мебошад.

Ҳоло дар ин корхона соле 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра истеҳсол карда мешавад. Барои тавсиа додани кор ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла вусъат додани корҳои геологӣ ва аз худ намудани қитъаҳои нави конҳои тиллою нуқра то соли 2015 бояд 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда шавад. То соли 2015 тибқи нақша бояд истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва нуқра ба 3 тонна расонда шавад. То он вақт шумораи коргарон ба 1200-1300 нафар хоҳад расид. То охири соли 2012 дар ин ҷо 10 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст.

Саҳми корхонаи "Апрелевка" дар ташаккули буҷети давлатӣ намоён аст, зеро танҳо дар 9 моҳи соли 2012 ба буҷаи давлат 13 миллион сомонӣ андоз супоридааст. Ғайр аз ин барои ободонии шаҳраки кӯҳкорони Консой ҳар сол аз 800 ҳазор то 1 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Роҳбарияти корхона барои коргарон, ошхонаи зебо, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд намудааст.

Дар шаҳраки Консой бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи хурди заргарӣ бо номи "Зари Тоҷик" ифтитоҳ ёфт. Ин корхона ҳам бо саҳмгузорӣ ва дастгирии ширкати муштараки "Апрелевка" аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 40 нафар заргар, асосан занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Маоши онҳо вобаста ба сатҳи касбият, сифат ва ҳаҷми корашон аз 500 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металлҳою сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва ҳам талаботи зиёд дар бозори дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро зиёд намуда, дар давоми 8 моҳи оянда шумораи коргаронро ба 200 нафар расонанд.

Дар паҳлӯи корхонаи "Зари тоҷик" як коргоҳи дӯзандагӣ ҳам ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар занону духтарон соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Зимни боздиди навбатӣ аз шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар яке аз маҷмааҳои истеҳсолии он ду коргоҳи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо ин шумораи коргоҳҳои ин маҷмаа ба 8 адад ва шумораи коргаронаш ба 200 кас расид.

Нахуст коргоҳи дуюми дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 100 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин коргоҳ ҳама либосҳои мактабӣ ва ҳамчунин шимҳои ҷинс барои кӯдакон ва занону мардон аз матоъҳо ва риштаҳои сирф пахтагини истеҳсоли ватанӣ дӯхта мешаванд.

Коргоҳи қаблии дӯзандагии ин маҷмаа ба дӯхтани кимано ва дигар анвои либоси варзишӣ ихтисос дода шудааст.

Маҳсулоти либосвории ин корхона ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ буда, беш аз 90%-аш ба хориҷа содир мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои картонӣ дар як сол беш аз 120 ҳазор дона чунин маҳсулот бо тарҳу намо ва андозаи гуногун барои бастубанди меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ тавлид меёбад.

Дар ин маҷмааи саноатӣ як коргоҳи истеҳсоли коғаз низ ба кор дароварда шуд, ки дар Тоҷикистон нахустин мебошад ва дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна коғаз тавлид меёбад.

Дар зарфи як соли оянда дар ин ҷо боз як коргоҳи дигар бунёд ёфта, дар он истеҳсоли маҳсулоти коғазу картонии рӯзгор, аз ҷумла дастрӯмолҳои гигиенӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре аён мегардад, солҳои охир бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар вилояти Суғд, авҷ гирифтааст. Аз ҷумла танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар зарфи 9 моҳи соли 2012 30 корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфтааст. Корхонаҳои хурди саноатии аз ҷониби соҳибкорон дар соли 2012 бунёдёфта бо 2 ҳазор ҷойи корӣ ба 100 адад мерасад, Дар шаҳри Хуҷанд як мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ ҳам мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ - падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандаи хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Дар он 65 нафар муаллими соҳибтаҷриба бо маоши миёнаи 1200 сомонӣ ба кор қабул шуд.

Дар толори бузурги варзишии навбунёд, ки аз ҷониби падари гӯштигири номдори тоҷик, чемпиони 3-каратаи ҷаҳон Комроншоҳи Устопириён бунёд ёфтааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷамъомада суҳбати самимӣ анҷом дод ва онҳоро ба машқу тамрини мудом ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин майдони яхи сунъӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба муҳайёсозии шароити боз ҳам бештару беҳтар барои тарбияи варзишгарони наврасу ҷавони кишвар ба масъулони ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ дастур дод.

Ҳадаф аз сафари сеюми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин сол ба вилояти Суғд аз иштирок дар тантанаҳои таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд буд.

Дар оғози ин сафар дар осоишгоҳи овозадори "Баҳористон", ки дар соҳили баҳри тоҷик - обанбори неругоҳи Қайроққум қарор дорад, як бинои нави 6-ошёна ифтитоҳ ёфт.

Дар саҳни ҳавлии осоишгоҳ миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони мардумии даъвати солҳои 1990-1995 ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар, ки дар он солҳои вазнин ба халқу ватани худ хизматҳои пурарзиш намудаанд, суҳбати самимии тӯлонӣ сурат гирифт. Президенти кишвар ба ҳамаи онҳо бори дигар барои хизматҳои шоёнашон дар пешгирӣ аз ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ ва дубора сарҷамъ намудани мардуми парешоншудаи Тоҷикистон, аз нав гузоштани асосҳои давлатдории навини тоҷикон арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Ба роҳбарияти осоишгоҳи "Баҳористон" дастур дода шуд, ки барои истироҳату фароғат ва солимгардонии онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Зимни шиносоӣ бо шароити тиббии ташхису муолиҷа, ки бо истифода аз навтарин тарзу усул ва технологияҳои ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино дорои 250 ҷойи хоб буда, дар он 100 нафар мутахассиси хуби тиббию хизматрасонӣ бо кори доимӣ таъмин гардидааст. Шумораи умумии кормандони осоишгоҳ ба 400 нафар расид.

Бо ифтитоҳи ин бино кунун осоишгоҳи "Баҳористон" имкон дорад, ки дар як баст то ба 800 нафар хизматрасонии хушсифат пешниҳод намояд. Дар фасли тобистон имкон аст, ки шумораи истироҳаткунандагон то ба ҳазор нафар дар як баст расонда шавад.

Мавриди зикри хос аст, ки сабабгори асосии умри дубора пайдо намудану пешсафи ин соҳа шудани осоишгоҳи "Баҳористон" ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гардид.

Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили назди осоишгоҳи "Баҳористон" пляжи зебою нотакроре сохта шуд, ки новобаста аз паст ё баланд шудани сатҳи оби баҳр ҳамеша пур аз оби софу тоза ва пайваста ивазшаванда аст.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳангии "Арбоб"-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қасри таърихии "Арбоб" нахуст осорхонаи ин бинои муҳташамро тамошо намуд. Зимни боздид ва рӯ ба рӯ шудан бо аксҳои таърихӣ, аз ҳар рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ карда шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои пурдаҳшати соли 1992, ки чун соли фоҷеаи миллӣ арзёбӣ гардид, ёдовар шуда, ба ҳамаи вакилони онвақтаи Шӯрои Олӣ, ки аз 230 кас 193 нафараш ба ин қаср ҳозир шуда буд ва ҳамаи он шахсиятҳои соҳибнуфуз, ки дар ташкил ва гузарондани он иҷлосияи таърихӣ саҳм гузошта буданд, арзи сипос намуд.

Таъкид шуд, ки қаҳрамони сулҳсозӣ ва давлатсозии тоҷикон кулли мардуми Тоҷикистон аст, зеро барқарорсозии эътидоли иҷтимоию сиёсӣ ва рушди иқтисодие, ки имрӯз ба назар мерасад, ба шарофати дастгирию пуштибонии беғаразонаи халқи шарафманди кишвар муяссар гардид. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдории самимӣ ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон баён намуда, дар муроҷиат ба аҳли толор таъкид дошт: "Чӣ гуна мо ба ин халқу Ватан хизмат накунем?".

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид ва таъкид карда шуд, ки нақши онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона ва оқибатҳои пурфоҷеаи солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, уқубатҳои барқарору пойдор намудани сулҳу созиш ва дастовардҳои имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони аҳли толор ва мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба фазои сулҳу амонӣ, истиқлоли Тоҷикистон, арзишҳои волои умумимиллӣ ва таълиму тарбияи насли имрӯзу ояндаи кишвар дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва давлатсозию давлатдории шоиста ҳидоят намуд.

Дар паҳлӯи чапи қасри фарҳангии "Арбоб" Маркази муҳташами фарҳангию фароғатӣ, ки бо нақшу нигори зебову дилкаш дар болои чӯб, санг, гач ва оина оро ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ин бинои зебову муҳташам, ки намунаи волои санъати бостонӣ ва муосири меъмории миллати тамаддунофари тоҷик аст, зиёфати расмӣ ва барномаи фарҳангии бошукуҳи идона ба ифтихори солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба самараи ҳунари волои меъморону бунёдгарони ин чойхона баҳои баланд дода, ба онҳо арзи сипос кард ва ба роҳбарияти вилояти Суғд дастур дод, ки дар паҳлуи рости қасри "Арбоб" як боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд намуда, ба мардум туҳфа намоянд.

Рӯзи 7 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар неругоҳи Роғун шинос шуд ва аз ҷумла изҳор дошт: "ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Ин неругоҳ бояд ба мардуми кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат орад ва ҳеҷ зиёне нарасонад". Ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию мардумӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастур дода шуд.

Ҳангоми сафар ба ноҳияи Рӯдакӣ, ки 18 июл ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳоти ҷамоатҳои Чоряккорон, Чимтеппа, Чортеппа, Сарикиштӣ ва Зайнабобод дидан карда, бо фаъолияти як зумра хоҷагиҳои деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, як маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва як корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуд ва бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва амнияти озуқавории кишвар зоҳир гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳими ин ноҳияро дар таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии пойтахт махсус таъкид намуд ва ба роҳбарияти ноҳия барои бо масъулияти баланд адо кардани ин вазифаи муҳим супоришҳои мушаххас дод.

Рӯзи дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, бо кори хоҷагиҳои зиёди кишоварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ шинос шуд ва бо роҳбарон ва мутахассисону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машварати васеи корӣ баргузор намуд.

Зимни шиносоӣ ба кори як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои Баҳор, Бурунов, Симуганҷ, корхонаи парандапарварии "Тарз"-и шаҳраки Наврӯзи ҷамоати Нуъмон Розиқов ва корхонаи парвариши гулмоҳии дараи хушманзараи Ромит ва нақши кишоварзону аҳли саноати хӯроквории шаҳри Ваҳдат, ки дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм доранд, баҳои баланд дод.

Дар машварати корӣ бо роҳбарону мутахассисон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 6 - моҳаи якуми соли 2012 мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои оянда мушаххас карда шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ, захира кардани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво барои зимистон зоҳир карда шуд. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки "аз соли оянда дар заминҳои обӣ танҳо тухмиҳои хушсифати ғалла кишт карда шавад, то ки аз ҳар га на кам аз 50 сентнер ҳосил ба даст ояд". Дар сурати кишти ғалла дар 200 ҳазор га замини обӣ ва ба ҳисоби миёна рӯёндани 50 сентнерӣ аз га 1 миллион тонна ғалладона ҷамъоварӣ мешавад, ки ин ба 90% талаботи бозори дохилӣ баробар аст ва ин бе назардошти ҳосил аз заминҳои лалмӣ".

Ба масъулони давлатӣ дастур дода шуд, ки ташаббусҳои ибратбахшу судманди соҳибкорон, хусусан соҳибкорони истеҳсолиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба бунёди ҷойҳои нави кор мусоидат намоянд.

Дар оғози моҳи август Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф овард.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони як корхонаи азими сементбарорӣ, ки бо номи "Хуаксин Ғаюр семент", иттилоъ дода шуд, он бо сармоягузории муштараки соҳибкорони тоҷику чинӣ бунёд мегардад. Ҳаҷми умумиаш ба 100 миллион доллари амрикоӣ баробар аст, бояд то моҳи августи соли 2013 сохта ба истифода дода шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона 1 миллион тонна сементи навъи 400 ва 450 дар як сол мебошад. Ҳоло дар ин ҷо беш аз 400 нафар машғули кор аст. Баъди пурра ба кор даромадани корхонаи нав дар ин ҷо зиёда аз 1100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад, ки 1000 каси он шаҳрванди Тоҷикистон хоҳад буд. Моҳи сентябри соли 2012-ум 300 нафар ҷавони тоҷик барои аз худ намудани ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ ва технологии ин соҳа ба Чин барои таҳсил фиристода шуд ва барои омода кардани мутахассисони миёнаю коргарӣ пойгоҳи таълимии омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Ёвон васеъ истифода мешавад.

Корхонаи нави сементбарорӣ ба ҷойи газ аз ангиштсанги ватанӣ истифода хоҳад кард ва таҷҳизоти барои ин кор вориднамуда пурра ба талаботи ҷаҳонии экологӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як корхонаи хурди коркарди шир дорои 40 ҷойи кор, ки бо харҷи 2,5 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфтааст, як бинои сеошёнаи варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст ва коргоҳҳои нави бо технологияи муосир муҷаҳҳазшудаи корхонаи равғанбарории "Ато" бо 120 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ба бунёди як корхонаи дӯзандаи либоси кӯдакона оғоз бахшида шуд, ки бо харҷи 1 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, дар он то 400 нафар зану духтари маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб хоҳад шуд.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон шиносоӣ бо корҳои таҷрибавию омӯзишии кишоварзони пешқадами чинӣ дар кишти пахта, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо буд. Ба ин кор ширкати чинии "Ҷинян Инхай" дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон машғул аст. Тавре аён гардид, кишоварзони чинӣ, асосан, заминҳои бекорхобидаи партов, шӯрзада, обҳои зеризаминиаш баланд ва камҳосилро гирифта, дар муддати кӯтоҳ ҳолати онро беҳ намуда, ҳосили баланди зироат ба даст меоранд.

Кишоварзони чинӣ дар 30 гектар замин ба таври таҷрибавӣ як навъи чинии пахтаи серҳосилро кишт намуданд, ки аз ҳар гектараш ба ҳисоби миёна 60 сентнерӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Дар чанд қитъаи дигар навъҳои нав эҷодшудаи пахта кишт карда буданд. Ба серҳосилтарини ин навъҳо, ки баъзе ниҳолҳояш то 200 ва беш аз он кӯрак дорад, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон номи "Дӯстӣ" гузошта шуд.

Кишоварзони чиноӣ аз ҳар га замини навъҳои серҳосили ҷуворимакка то 100 сентнерӣ дон мегиранд.

Моҳи сентябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар ноҳияи Рӯшон филиали литсей-интернати касбии махсуси маъюбон ва як мактаб - интернати муҳташами ҷумҳуриявӣ барои 640 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар филиали муассисаи давлатии литсей - интернати касбии махсуси маъюбон хонандагони синфҳои болоӣ, ки имконоти маҳдуди ҷисмонӣ доранд, ҳунарҳои ҳисобдорӣ, дӯзандагӣ ва технологияҳои компютерӣ меомӯзанд.

Мактаб - интернати сеошёнаи ҷумҳуриявӣ барои 640 нафар хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ба кумак ниёзманд дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, ҳунаромӯзии духтарону писарон ва дигар шароити муосири таълиму тарбия мебошад.

Дар маркази нави маъмурии ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат 4 бинои нави зебою замонавӣ, ки аз идомаи босуботу босуръати бунёди ин шаҳрак шаҳодат медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Биноҳои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бо 15 ҷойи корӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" бо 15 ҷойи иловагии кор, филиали "Тоҷиксодиротбонк" бо 32 ҷойи кор, ки филиали 9 - уми ин бонк дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, аз ҷумлаи онҳоанд.

Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди забони давлатӣ, ки рӯзи 5 октябр таҷлил мегардад, ба 1300 оилаи ниёзманди ноҳияи Шуғнон кумаки моддӣ расонда шуд ва ҳамчунин тӯйи хатнаи писарчаҳои чунин оилаҳо дар фазои идонаи пуртантана барпо гардид.

Дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба отряди сарҳадӣ ташриф оварда, ба сохтмони як зумра биноҳои нави он, аз ҷумла бинои маъмурӣ, маркази нави таълимӣ, ду бинои шашошёнаи истиқоматӣ бо 48 хона барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, майдончаи варзишӣ ва парки мошину техникаи низомӣ оғоз бахшид ва таъкид дошт, ки ҳамаи ин биноҳо то моҳи ноябри соли 2013 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Дар отряди сарҳадии Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо кори маркази таълимии мавҷудаи он, ки барои омодасозии афсарону сарбозони гузаргоҳҳои сарҳадӣ бунёд ёфта, ба таври зарурӣ, аз ҷумла барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳуқуқи байналмилалии марзбонӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва маркази кинологӣ (омодасозии сагҳои хизматӣ) аз наздик шинос шуда, ба масъулон барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ ва будубоши афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас дод.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, ки бо харҷи зиёда аз 17 миллиону 200 ҳазор сомонӣ амалӣ мегардад, расман оғоз ёфт. Тибқи ин лоиҳа аз мавзеи Боғевдараи ноҳияи Шуғнон, ки дар масофаи 15 км қарор дорад, ба шаҳри Хоруғ оби ошомиданӣ оварда мешавад ва шабакаи дохилии обу корези шаҳр навсозӣ мегардад. Ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ техникаи махсус харида мешавад, ки ҳам дар давраи татбиқи лоиҳа ва ҳам оянда хизмат хоҳад кард.

Дар шаҳри Хоруғ дар фазои тантанавӣ як корхонаи бузурги дӯзандагӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он наздики 200 нафар, асосан занону духтарон, соҳиби кори доимӣ шуданд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар паҳлуи ин бино боз як бинои дӯзандагӣ бо ошхона, гармоба ва дигар шароити зарурӣ бо 100 ҷойи кор бунёд намоянд.

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилоятро маҷмӯан дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва ҳадафу вазифаҳоро барои оянда муайяну мушаххас кард.

Ҳангоми муқоисаи маблағгузории давлатии солҳои 90-уми асри гузашта ва 10-11 соли охир, аз ҷумла зикр гардид, ки аз соли 1992 то 2000 аз ҳисоби сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ва дар солҳои 2001-2012 - ум 4 миллиарду 646 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Тавре таъкид гардид, ҳоло аз 130 миллион сомонии буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 миллионаш аз ҳисоби сарчашмаҳои ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Танҳо барои маблағгузории эҳтиёҷоти шаҳри Хоруғ, ки ҳамагӣ 28 ҳазор аҳолӣ дорад, дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 253 миллион сомонӣ, аз ҷумла 151 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмону ободонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ ҷудо карда шудааст. Тайи чанд соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 1000 иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, маъмурӣ ва фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуд, ки беш аз 120-тои он ба шаҳри Хоруғ рост меояд.

Зимни таҳлили вазъи ҷиноятии вилоят ва роҳҳои ислоҳи он зикр гардид, ки теъдоди ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи яроқу аслиҳа, маводи мухаддир, сангҳои қиматбаҳо ва шумораи нашъамандон, хусусан дар шаҳри Хоруғ, рӯ ба афзоиш овардааст.

Сабаби асосии чунин вазъ эҳтиром нагузоштани як зумра шахсон ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба қонун мебошад, ки ба ҷиноятҳои вазнин даст зада, садди роҳи фаъолияти самарабахши мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот мешаванд. Аз ин хотир таъкид гардид, ки тафтишоти одилонаи фаъолияти ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо идома меёбад, зеро ба ҳар як ҷинояту ҷинояткорӣ бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва ҳар як қонуншикан барои фаъолияти худ посух гӯяд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонону наврасони гумроҳшуда ва фиребхӯрдаи шаҳри Хоруғ ва атрофи он бори дигар талаб кард, ки яроқу аслиҳаи боқимондаи ғайриқонунии худро супоранд ва дар доираи қонун ва тартиботи муайяншудаи ҳуқуқӣ кору зиндагӣ намоянд.

Тавре аён мегардад, ҳадафи асосӣ аз аксари сафарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти назорати бевосита қарор додани раванди бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ аст.

Ба ҳамин тартиб иншооти зиёди дигар тайи чанд гардиши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаҳои гуногуни пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба сохтмони бархе дигар оғоз бахшида шуд. Чаҳор бинои нави 9 - ошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Нусратулло Махсум бо 352 хонаи истиқоматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ - технологии МИСиС-и Маскави Федератсияи Русия, бинои боҳашамати Мактаби байналмилалии президентӣ, ки бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ барои 1100 нафар хонандаи хушлаёқат бунёд ёфтааст, маҷмааи биноҳои навбунёди Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ, 9 майдони варзишӣ, варзишгоҳи навбунёди Вазорати корҳои хориҷӣ ва як варзишгоҳи дигар дар кӯчаи Маяковский ва биноҳои сершумори баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Аз 145 иншооте, ки моҳи сентябр дар ҳоли сохтан қарор дошт, 130 - тоаш биноҳои истиқоматӣ буд. Солҳои охир дар пойтахт ҳамчунин навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ авҷ гирифтааст.

Ҷойи таъкид аст, ки ҳар ифтитоҳ ва ё оғози сохтмони нав бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Садҳо иншооти дигар низ бо ҳазорҳо ҷойи корӣ дар гӯшаю канори ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар дар доираи сиёсати бунёдкорию созандагии роҳбарияти давлати Тоҷикистон бунёд меёбанд.

Натиҷаҳои пурарзише, ки дар соли 2012 ба даст омаданд, пеш аз ҳама самараи татбиқи бобарори сиёсати дохилию хориҷии давлат доир ба рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мебошанд. Самтҳои асосӣ ва вазифаҳои афзалиятнок барои расидан ба ин ҳадафҳо, аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни маҷлисҳои Ҳукумати кишвар, мулоқот бо зиёиёни эҷодкор, таҷлили солгарди 15-уми Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 21-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бузургдошти солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяну мушаххас гардида буд.

Дар соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 12 давлати ҷаҳон 16 сафари пурмаҳсули давлатию расмӣ ва корӣ анҷом дод.

Нахустин сафари хориҷии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 19 март ҷараён гирифт, ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рост омад. Ҳадаф аз он иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё буд.

Дар ҷаласа сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод - Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир - Арманистон, Молдова ва Украина иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт: "ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад". Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд.

Зимни сафари дуюм ба шаҳри Маскав, ки ба 15-уми май рост омад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуд.

Дар ин иҷлосия натиҷаи фаъолияти 20-умин солгарди ба имзо расидани Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва вазифаҳои дурнамо баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро неруи муҳимтарини амниятӣ дар минтақаи масъулияти он номида, таъкид кард, ки "муттаҳидшавии дохилии созмон ва боло бурдани омодагии ҳарбии неруҳои он аз вазифаҳои умда дар марҳилаи кунунӣ мебошад".

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бошад, зарурати тақвияти иттиҳод ва таҳкиму густариши ҳамкорӣ дар доираи он таъкид гардид.

Зимни сафари кории сеюм ба шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуд.

Дар ҳошияи ҳамоишҳои моҳи май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти хосаи дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.

Владимир Путин аз ҳамкории иқтисодӣ ва ҳарбии Русияву Тоҷикистон ва робитаҳои судманди миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, иттилоъ дод, ки имрӯз "70 субъекти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон ҳамкории рушдёбанда доранд".

Эмомалӣ Раҳмон низ бо ёдоварӣ аз ҳамкории судбахши низомӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар изҳор дошт, ки "миёни Тоҷикистону Русия ягон масъалаи ҷиддии ҳалнашаванда вуҷуд надорад, чанд масъалаи ҳалталабе, ки ҳаст мо бо назардошти манофеи ҳарду ҷониб ҳаллу фасл менамоем". "Мо ҳамеша ба манфиатҳои шарики стратегиамон дар кишвари худ эҳтиром мегузорем ва Русия низ ба манфиатҳои Тоҷикистон бояд ҳамин гуна муносибат дошта бошад".

Бисёр масоиле, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуд, ҳалли ниҳоии худро зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4 ва 5 октябри соли 2012 ҷараён гирифт, пайдо намуд, зеро пас аз мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузури сарони ду давлат 6 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин Изҳороти муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Тибқи ин санадҳо муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шуд ва ба ҳаҷми 1 миллион тонна маводи нафтии Русия бе пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон содир карда мешавад.

Тавофуқоти зиёди дигар доир ба саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, густариши ҳамкорӣ миёни минтақаҳои гуногуни ду кишвар, омодасозии кадрҳои тоҷик дар ин кишвар, аз ҷумла мутахассисони низомӣ, навсозии техникаи ҳарбӣ ва аслиҳаю лавозимоти дигари низомии Тоҷикистон ва ғайра ба даст омад.

Дар оғози моҳи июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафари пурмаҳсули давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дод.

Мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни Тоҷикистону Чин дар шаҳри Пекин, пойтахти ин кишвар, сурат гирифт.

Пас аз мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао дар ҳузури онҳо 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид - Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ.

Тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан грант ҷудо карда мешавад.

Санадҳои зиёди ҳамкорӣ, ҳамчунин дар сатҳу зинаҳои дигар ба имзо расид. Аз ҷумла Созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва "Эксимбонк"-и Чин оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ-Кулма, 2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини растанӣ, Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминии тоҷик" (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM).

Санадҳои ҳамкорӣ дар ҳошияи мулоқотҳои сершумори Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва соҳибкории Чин ба имзо расиданд.

Мулоқотҳои судманди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао, Раиси Кумитаи Умумичинии Шӯрои Мардумии Сиёсии Машваратӣ Ҷя Синлин, роҳбари Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC) Ҷян Ҷемин, Президенти Бонки содироту воридот "Эксимбонк"-и Чин Ли Жогу, Раиси Шӯрои директорони ширкати "Тебиан электрик аппаратус" (ТВЭА) Чжан Син, Раиси Шӯрои директорони ширкати "Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент" (ZTE), раиси ширкати "Ҳенан Ҷинҷиан Силверсид" Ли Чао, Директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин "Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн" Вэн Ган, Мудири Бонки давлатии рушди Чин Чен Юан, Раиси Шӯрои директорони ширкати "Чайна Глобал" Хуан Ҷзанжун ва Ноиби президенти ширкати "Хуавэй Лин Жуйҷи" Ҷанжун анҷом дод.

Дар шаҳри Пекин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин тақдим карда шуд. Тавре зикр гардид, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар дастгирии рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо ин мукофоти олӣ сарфароз мегардад.

Ҳадафи дигари сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буд

Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Яке аз санадҳои муҳим Самтҳои асосии Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлат буд, ки бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон ва бо иштироки фаъоли ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид.

Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба Афғонистон мақоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба шаҳрҳои Сямен, Шанхан ва Луняни музофоти Фуҷиан ташриф оварда, мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом дод.

Дар шаҳри Сямен, ки дар ҷанубу шарқи Чин воқеъ аст, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори музофоти Фуҷиан ва мири шаҳри Сямен мулоқот намуда, дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва ин минтақаи рушдёфтаи Чин иштирок дошт ва ҳам бо таҷрибаи муваффақи Сямэн дар рушди иқтисоду тиҷорат, шаҳрсозӣ ва бунёди зербинои ҷаҳонгардӣ шинос шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи овозадори Сямен мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар ин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.

Бо ёдоварӣ аз шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои гуногуни таҳсилотии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қарор омаданд, ки минбаъд теъдоди онҳо дар ин донишгоҳи соҳибнуфуз низ зиёд карда шавад.

Дар шаҳри Сямен, ҳамчунин Созишнома дар бораи барпо намудани робитаҳои бародарӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Дар ин шаҳр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ширкати мошинсозии Шанхай (SAIC) ва Раиси Шӯрои директорони ширкати "Синоҳайдро" Фан Ҷсянро ба ҳузур пазируфта, масоили густариши ҳамкориро бо онҳо баррасӣ намуд.

Дар шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни як маросими тантанавӣ мири он Се Хайбо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро "шаҳрванди фахрӣ"-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ "Калиди тиллоӣ"-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд.

Дар қуллаи "Кӯҳи тиллоӣ"-и шаҳри Луняни музофоти Фуҷиан Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, ки аз шарикони муҳими чиноии Тоҷикистон мебошад, дар конҳои тиллою мис шинос шуд.

Ин ширкат дар корхонаи муштараки "Зарафшон"-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намудааст.

Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мис истеҳсол намуда, 40% онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.

Дар даҳаи дуюми моҳи июн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як сафари корӣ, вале басо пурмаҳсул ба Бразилия анҷом дод. Ҳадафи асосӣ аз ин сафар иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор дар шаҳри Рио-де-Жанейро буд.

Тайи се рӯзи кори Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар сатҳи олӣ баргузор гардид, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 5 ҳамоиши он иштирок ва суханронӣ намуд. Яке аз ҷаласаҳои муҳими Конфронс, ки "Созмони Милали Муттаҳид ва захираҳои об" ном дошт, таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Ҳадафи асосии ин конфронс ба мувофиқа расондани Ҳадафҳои рушди устувор буд, ки аз соли 2015 ба баъд ҷойгузини Ҳадафҳои рушди ҳазорсола хоҳанд буд. Асоси ин ҳадафҳоро бояд "иқтисодиёти сабз" ё худ иқтисодиёти аз ҷиҳати экологӣ безарар ташкил диҳад.

Конфронс бо иштироки роҳбарони давлатҳо ё ҳукуматҳои 135 кишвари ҷаҳон, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва коршиносони байналмилалӣ ҷараён гирифт.

Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Иштирокдорони ин ҳамоиш Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони ӯ интихоб намуданд.

Сипас аз байни сарони бештар аз 140 давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои олам аввалин шуда, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои суханронӣ даъват шуд. Чунин эҳтирому қадршиносии баланд, албатта, ба хотири он иқдомҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи СММ ба тасвиб расида, дар тамоми ҷаҳон амалӣ мегарданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, ки аз Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бармеояд ва мағзи муҳтавои онро се масъалаи асосӣ - ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

"Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд", - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос аз пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълони соли 2013 чун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тамоми давлатҳо даъват намуд, ки "дар кори васеъ гузаронидани чорабиниҳои ин сол фаъол ширкат варзанд, то ки муколамаву ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи истифодаи устувор ва дастаҷамъонаи захираҳои об амалӣ гардад".

Ба қавли Президенти Тоҷикистон, "истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди "сабз", ки яке аз мавзӯъҳои асосии ҷадвали кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад".

Зимни суханрониҳо дар ин ва дигар ҷаласаҳои ин конфронс Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба се масъалаи ба ҳам пайванди экологию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд.

Бо изҳори нигаронӣ аз таъсири манфии хушкшавии баҳри Арал ба вазъи экологии минтақа Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ҳавзаи баҳри Арал, ба ғайр аз стратегияҳои миллӣ, бояд стратегияи ягонаи минтақавии истифодабарии захираҳои оби минтақа таҳия ва амалӣ шавад.

Роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои зиёди байналмилалӣ дар ин чорабиниҳо пешсафию пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф намуданд. Тавре борҳо таъкид гардид симои Тоҷикистон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои марбут ба об пазируфта шудааст.

Иштирокдорони зиёди конфронс ҳамчунин ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об , ки дар шаҳри Душанбе бояд баргузор гардад, дастгирӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар ташкил ва босамар ба роҳ мондани он фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Дар ҳошияи ин конфронс дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Маҷористон Янош Адер ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқотҳои судбахш анҷом дод.

Зимни як сафари корӣ ба Украина Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор давлатҳои дигар бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футболро тамошо намуданд.

Дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуда, масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард.

Сарони ду давлат аз ҷараёни ҳамкорию ҳамгироии ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати тавсеаи заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳоро таъкид карданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон басо пурмаҳсул буд, зеро зимни он 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, металлургия, кишоварзӣ, маориф, эътироф ва баробарарзишии мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот ва унвону дараҷаҳои илмӣ, ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳаракати олимпӣ ва дигар самтҳоро танзим хоҳанд кард. Дар миёни онҳо Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2013-2015 мақоми хос дорад, зеро тибқи он як зумра тадбирҳои судбахш бояд амалӣ гарданд.

Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев ҳамдигарро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон - ордени "Ҳайдар Алиев" сарфароз гардонда шуд.

Ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бошад мукофоти олии давлатии Тоҷикистон ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи 1 тақдим гардид.

Дар шаҳри Боку Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Миллии (Порлумони) Озарбойҷон Октай Асадов ва Директори генералии ширкати амрикоии "Сокар Фостер Вилер" (Socar Foster Wheeler) Ҷиамперо Тривелла мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Тавре зикр гардид, ширкати мазкур азм дорад, ки бо ҷалби сармоя аз Тоҷикистону Озарбойҷон як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон бунёд намояд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ - "Азгунтек", "Технопарк"-и Сумгаит оид ба истеҳсоли таҷҳизоти барқию гармидиҳӣ ва Корхонаи "Гринтек", ки бо тавлиди сабазавот дар гармхонаҳо машғул аст, дидан кард.

Соли 2012 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин як сафари корӣ анҷом дод, ки ҳадаф аз он иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) буд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, сарвазири Туркия, намояндагони воломақоми Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону Ӯзбекистон ва фиристодагони созмонҳои дигари минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Дар ин сафар масоили вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, маориф, илму техника, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ доир ба инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, истифодаи захираҳои обию барқӣ, бунёди минтақаҳои тиҷорати озод, эҷоди шароити мусоид барои рафтуомади озоди одамон ва интиқоли бемамониати молу нақлиёт ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он бояд дар татбиқи босамари онҳо фаъолу ташаббускор бошанд.

Таъкид гардид, ки ин созмон ва кишварҳои аъзои он метавонанд ташаббусро дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, аз ҷумла роҳи оҳани Чин-Қиргизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатҳои интиқоли неруи барқ ба мисли лоиҳаи КАСА-1000, хатҳои интиқоли газ ва ғайра ба дасти худ бигиранд.

Дар ҳошияи ҳамоиш Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқоти судбахш анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба Озабойҷон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба шаҳри Габалаи ин кишвар ташриф оварда, бо кори як қатор корхонаҳои саноатӣ ва зербинои сайёҳӣ ва ҷаҳонгардии он шинос шуд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон ҳам, ки моҳи август сурат гирифт, бисёр пурмаҳсул буд, зеро миёни ду кишвар 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар миёни онҳо 4 созишнома байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Туркманистон, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада, байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Турманистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои ҷойгир намудани Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон ва Сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон ва Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2013-2014 ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон барои солҳои 2013-2014 ва Баёнияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон мавҷуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ - ордени Президенти Туркманистон "Битараплик" ("Бетарафӣ") сарфароз гардонда шуд.

Зимни боздид аз Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёну арзандааш дар рушди робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Туркманистон унвони профессори фахрии ин муассисаи бонуфузи таълимӣ дода шуд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба шаҳри Ободони Туркманистон ташриф оварда, ҳамроҳ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ифтитоҳи навбати дуюми як корхонаи бузурги ресандагӣ иштирок намуд.

Ҳангоми шиносоӣ бо кори корхона ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноати сабуки шаҳри Ободон, аз ҷумла зикр гардид, ки тамоми пахтаи дар Туркманистон истеҳсолшаванда дар дохили кишвар коркард мешавад ва наздики 90% маҳсулоти он ба хориҷа содир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Руҳобод низ ташриф оварда, дар маҷмааи байналмилалии варзиши аспӣ бо дастовардҳои варзишгарони аспсавори туркман аз наздик шинос шуданд.

Ба Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як сафари корӣ моҳи декабр анҷом дод, ки зимни он дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок ва суханронӣ намуда, бо Президенти ин кишвари дӯст Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти судбахш анҷом дод.

Зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки охири моҳи август рост омад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи шонздаҳуми сарони давлатҳои узви Ҳаракати адами тааҳҳуд иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ин ҳамоиш 24 президент, 3 шоҳ, наздики 80 роҳбари ҳукумат ва ё вазорат аз кишварҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон ва намояндагони воломақом аз созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ширкат доштанд.

Дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои Ҳаракати адами тааҳҳуд дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманаӣ ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқотҳои самарабахш анҷом дод.

Дар оғози моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон рафт.

Ин сафар низ, ки дар фазои дӯстии анъанавӣ, самимият ва эҳтироми баланди мутақобила ҷараён гирифт, басо пурмаҳсул буд, зеро пас аз мулоқоту музокироти созанда миёни ду ҷониб 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Миёни онҳо созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва тиб, муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат, маориф ва таҳсилоти олӣ, илм, фарҳанг ва ҳунар, варзиш ва ҷавонон коркарди саноатии нахи пахта ва дар соҳаи геология буд. 4 санади муҳими ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop, BHELL, Gemfields, Chadha Power ба имзо расид.

Зимни изҳороти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ба натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ баҳои баланд дода, дурнамои рушди муносиботи ду кишварро дар ояндаи наздик умедбахш номиданд.

Манмоҳан Сингҳ, аз ҷумла изҳор дошт, ки "Тоҷикистон шарики калидии Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ аст". "Мо ба қарор омадем, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бароварда шаванд", - таъкид дошт Сарвазири Ҳиндустон.

Тибқи изҳороти сарони давлатҳо, ду ҷониб ба қарор омаданд, ки бурсияҳои таҳсилотии Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик аз 100 ба 150 адад расонда шавад. Таъсиси маркази татбиқи технологияҳои гуногуни муосири Ҳиндустон дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои муҳим барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории судманди ду кишвар номида шуд.

Ёдрас шуд, ки барои робитаҳои мустақими нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи оҳан низ ҳарду кишвар талош хоҳанд кард.

Мулоқоти судманди дигар доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Ҳиндустон сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо Директори иҷроияи ширкати "Ходай групп" (Khoday group) - и Ҳиндустон Шри Ҳари Ходай, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо Тоҷикистон нақшаҳои зиёди ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла доир ба бунёди неругоҳҳои барқӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва парандапарварӣ дорад.

Дар шаҳри Деҳлӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ, Ноиби Президент - Раиси Раҷя Сабҳа - Палатаи болоии порлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ва Сарвари мухолифин дар Лок Сабҳа - Палатаи поёнии порлумони Ҳиндустон, намояндаи Ҳизби Мардумии Ҳиндустон дар Порлумон Сушма Свараҷ мулоқот намуд.

Тайи ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба иёлатҳои Гоа ва Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф оварда, бо фаъолияти як зумра корхонаҳои саноатӣ ва таҷрибаи онҳо барои муҳайёсозии шароит ва ҷалби ҷаҳонгардон шинос шуд.

Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Давлати Кувайт низ, сарфи назар аз он, ки мақоми корӣ дошт, самаровар буд. Ҳадафи асосӣ аз ин сафар иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои "Муколамаи Осиё оид ба ҳамкорӣ" буд, ки дар шаҳри Кувайт - пойтахти Давлати Кувайт баргузор гардид.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ҳам мулоқотҳои алоҳидаи дуҷониба ва якҷояи сеҷониба анҷом дод.

Дар шаҳри Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоқот намуд, ки зимни он, аз ҷумла зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид.

Мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ бо ҳусни таваҷҷуҳ ба густариши робитаҳо ва ҳамкории пурсамар сурат гирифт.

Амири Давлати Кувайт аз тасмими худ доир ба ҷудо намудани 2 миллиард доллари амрикоӣ барои дастгирии кишварҳои рӯ ба рушди Осиё изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории худ баҳра бубарад.

Ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Кувайт дар мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр баррасӣ шуд.

Даҳаи сеюми моҳи октябр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Финландия ташриф оварда, бо Президенти ин кишвар Нийнистё САУЛИ, Раиси Порлумони Финландия Ээро Ҳейнялуома, Сарвазири Ҷумҳурии Финландия Катайнен Юрки ва Ваколатдори парлумонии Финландия оид ба ҳуқуқи инсон Петри Яааскелайнен мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Миёни ду кишвар созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

Дар шаҳри Ҳелсинки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба Хадамоти геологӣ ва Пажӯҳишгоҳи экологии Финландия ташриф оварда, бо таъриху таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои илмию амалии ин кишвар аз наздик шинос шуд.

Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Финландия хотирмон буд. Дар он натанҳо тоҷикон, балки бархе аз шаҳрвандони бумии Финландия, ки замоне дар Тоҷикистон кор кардаанд, иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимнан изҳор дошт: "Мо ҳавасманди ҷалби ҳамдиёрони бурунмарзиамон ба равандҳои бунёдкорӣ дар Тоҷикистон буда, хоҳони онем, ки онҳо шарикони доимии Ҳукумати кишвар дар раванди рушди устувори ҷумҳурӣ бошанд". Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пушту паноҳи ҳамаи ҳамватанону ҳамдиёрони бурунмарзӣ аст ва сарфи назар аз маҳали кору зиндагиашон, ба қадри имкон онҳоро дастгирӣ мекунад".

Яке аз рӯйдодҳои хотирмони таърихӣ дар соли 2012 шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо аст, ки рӯзи 10-уми декабр ба амал омад.

Дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Ҷаҳонии Савдо, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Савдо пазируфта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дӯстон ва шарикони ҳамкори иқтисодии Тоҷикистон, ки дар раванди дуру дароз ва мушкили воридшавӣ ба Созмони Ҷаҳонии Савдо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳӣ карданд, миннатдории самимии худро баён намуда, ба Котиботи созмон ва Директори генералии он Паскал Ламӣ барои дастгирии пайвастаашон изҳори сипос кард.

Гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иродаи қавии сиёсӣ доир ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ мебошад, то ки бо иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамаҷониба ҳамоҳангу созгор бошад.

Сипас Директори генералии Созмони Ҷаҳонии Савдо Паскал Ламӣ аз пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти созмони мазкур изҳори қаноат намуда афзуд, ки Тоҷикистон бо воридшавӣ ба созмони мазкур барои рушди минбаъда ва густариши тиҷорату савдои байналмилалӣ ба худ роҳи васеъ кушод.

Яке аз сафарҳои аз ҳама пурмаҳсули Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Туркия буд, ки дар моҳи декабр ҷараён гирифт. Зимни он миёни сохторҳои гуногуни давлатӣ ва соҳибкории ду кишвар дар маҷмӯъ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Танҳо тибқи се санад, ки дар фарҷоми анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, дар Тоҷикистон бо харҷи 122 миллион доллари амрикоӣ 3 корхонаи нави саноатӣ бунёд меёбад, ки дар онҳо садҳо шаҳрвандон соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Санадҳои имзошуда рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои корҳои хориҷӣ, бонкдорӣ, телевизион ва радио, кишоварзӣ, ҷавонон ва варзиш, энергетика ва саноати маъданҳои кӯҳӣ, адлия, фарҳанг, бунёди 3 корхонаи саноатӣ, муқаррар намудани муносиботи бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия ва таъсиси Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркияро дар назар доранд. Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Туркия Реҷеб Тайиб Эрдоган роҳбарӣ карда мешавад.

Тибқи санадҳо доир ба бунёди корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби 70 миллион доллари амрикоӣ, корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои гуногуни Кока-Кола, бо харҷи 50 миллион доллари амрикоӣ, як Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо сарфи 2 миллион доллари амрикоӣ, як корхонаи истеҳсоли орд бо иқтидори шабонарӯзии 150 тонна маҳсулот ва анбори ғалла бо ғунҷоиши 18 ҳазор тонна дар ноҳияи Ҳисор сохта мешавад.

Тавофуқоти зиёди дигар низ ҳосил шуд, ки натиҷаи онҳо ба имзо расондани боз чандин санади дигар ва ба роҳ мондани ҳамкории судбахш миёни сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ хоҳад буд.

Зимни нишасти матбуотӣ Абдулло Гул аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Туркия изҳори хушнудӣ карда, онро таконбахши рушди минбаъдаи муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш баҳо дод.

Абдулло Гул аз ҷумла изҳор дошт: "Мо аз имконоти фарохи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаҳои гидроэнергетика ва маъданҳои кӯҳӣ хуб огоҳем ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин бахшҳо манфиатдорем" ва афзуд, ки "Туркия аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба истифодаи босамари захираҳои обиаш низ пуштибонӣ мекунад".

Қисмати муҳими сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Қуния ҷараён гирифт. Дар ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, аз ҷумла намояндагони илму фарҳанги кишвар нахуст оромгоҳи мутафаккири бузурги олами Шарқ Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро зиёрат намуда, барояш дуою фотиҳа карданд.

Дар ин шаҳри бостонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Мавлоно мулоқот намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ сарфароз гардонда шуд.

Дар Донишгоҳи Мавлоно Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин ва дигар мактабҳои олии Туркия таҳсили илму дониш мекунанд, суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосир ва истифодаи босамари имконоти фарохи муҳайёгардида ҳидоят намуд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Туркия иштирок дар маросими "Шаби арӯс" буд, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, ҳар сол дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул дар шаҳри Қуния баргузор мегардад.

Ин маросим аз қироати пораҳо аз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлои Балх, ғазалиёти ирфонии ӯ ва ашъори дигари тоҷикию туркӣ аз дигар шоирон, ки дар васфи ин мутафаккири олами Шарқ суруда шудаанд ва ҳамчунин рақсу чархиши самоъ иборат аст.

Масоили таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамчунин зимни мулоқотҳои сершумори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар дохили кишвар баррасӣ шуд.

Як силсила чунин мулоқотҳо дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ва Конфронси байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5) сурат гирифт.

Дар ин рӯзҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки барои иштирок дар ин чорабиниҳои байналмилалӣ ташриф оварда буданд, мулоқот намуд.

Он рӯзҳо шаҳри Душанбе ҳамчунин макони баргузории мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид.

Танатанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз-2012 бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Афғонистону Эрону Покистон - Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзони кишвар, ки ҳама бо рамзу нишон ва ороишоти наврӯзӣ оро ёфта буд, диданд ва базму тараби идонаро бо аҳли завқу эҷод бо ҳам тамошо карданд.

Барномаи идонаи ҷашни 3-юми байналмилалии Наврӯз-2012 дар майдони фарохи дохили Наврӯзгоҳи пойтахт бо ворид шудани сарони давлатҳои мазкур ва меҳмонони дигари воломақом оғоз ёфт.

Бори нахуст дар ин ҷашнгоҳ, ки баъди навсозӣ дорои 14 ҳазор ҷойи нишаст гашта буд, Наврӯзи хуҷастаи ҷаҳонӣ бо барномаи рангини театрикунондашудаи устодони санъату фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бо инъикоси беҳтарин ҳунарҳои дилхушӣ, шодию нишоти наврӯзӣ, базми рақсу сурудҳои дилнавоз ва таҷассуми расму оини шӯҳратманди ниёгон истиқбол гирифта шуд.

Мавриди зикр аст, ки Наврӯзгоҳи Тоҷикистон ба истиқболи Наврӯзи байналмилалии 2012 бо ҳунари волои меъморону наққошон ва дигар ҳунармандони хушсалиқаи кишвар зоҳиран шакли зодгоҳи Наврӯз - тахти Ҷамшедро гирифт.

Дар Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA-5), ки дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сарони давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон ва намояндагони воломақом аз зиёда аз 40 кишвари дигар ва 35 созмони минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар Анҷумани соҳибкорони кишварҳои сершумор, ки дар ҳошияи Конфронси панҷуми RЕССА-5 баргузор гардид, иштирок ва ибрози андеша карданд.

Анҷумани мазкур дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи соҳибкорон ва намояндагони сершумори давлатҳои мададрасон ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷараён гирифт.

Пешниҳодҳои зиёди иштирокдорони Конфронс ва анҷумани соҳибкорони он барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва ҳаёти осоиштаи мардуми он, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои сершумори зербиноӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёту роҳсозӣ ва ғайра мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор гирифт.

Дар ҳошияи Наврӯзи байналмилалӣ ва Конфронси 5-уми RECCA Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани, муовини порлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Ҷо Накано, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон Ян Кубиш, ёвари Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Ноэлин Ҳейзер, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Яҳё Маъруфӣ, директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Лесли Слинг, президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳиҷозӣ, мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Гурӯҳи минтақавии СММ оид ба рушд Кори Удовички, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Заньер, намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва доир ба Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел ва муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал - Ҳоҷирӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Яке аз нишондодҳои пурарзиши давлати Тоҷикистон дар сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ба феҳристи "500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон" дар соли 2012 ворид гардидани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Феҳристи "500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон" аз соли 2009 ба ин сӯ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии исломии Салтанати Уммон дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода ал-Валид ибни Талол дар Донишгоҳи Ҷорҷ Тауни Амрико интишор мешавад.

Ба андешаи коршиносони умури сиёсию иҷтимоӣ мавзеъгирии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз арзишҳои дини ислом ва интиқодҳояш аз мавридҳои исломситезӣ дар ҷаҳони Ғарб дар иҷлосияҳои Маҷмаи Умумии СММ ва дигар ҳамоишҳои ҷаҳонӣ, пуштибонии ӯ аз ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистону Фаластин ба шомил шудани исми Сарвари давлати мо ба ин феҳрист боис гардидааст.

Ҳамчунин Бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил шудани ин ҷашнвора боиси маҳбубияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаҳони ислом шуд".

Ин ва дигар хидматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи мусулмонони ҷаҳон аст, ки соли 2005 ӯ бо даъвати Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз ба дохили хонаи Каъба ворид шуда буд.

Дар арафаи соли нави 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Турсунзода ва ба мактаб -интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, тарбиятгирандагони ин муассисаҳои таълимиро бо арафаи соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт ва ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ба роҳбарону масъулони сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки барои истиқболи сазовори соли нави мелодӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ятимону бепарасторон, хона-интернатҳои пирону барҷомондагон ва дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити зарурӣ ва фазои идона муҳайё карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба ин муассисаҳо ва паёми солинавӣ ба мардуми кишвар, аз ҷумла тамоми саховатмандонро даъват намуд, ки дар ин рӯзҳо ба оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дасти кумак дароз намоянд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки соли нави 2013 соли авҷи бештари бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ, рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишвар, афзоиши некуаҳволии мардум ва татбиқи амалии орзую омоли ширини ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мегардад.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Заробиддин ҚОСИМӢ

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520