Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сўҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда

05.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, соҳаи нақлиёт ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тағоймуродов Муовини вазири корҳои дохилӣ ва Мухтор Неъматов Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо таъин шуданд.

Раҷаб Маҳмадалиев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҷалил Пириев, ки Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мудири шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар мувофиқат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Қайроққум, Ҷаббор Расулов, Балҷувон, шуъбаи корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Хатлон ва командирони чанде аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ иваз карда шуданд.

Зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои мазкур, тақвияти тартибу интизом ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла дар сохторҳои низомию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520