Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохурӣ бо кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар як қатор сохторҳои давлатӣ пешниҳодшуда

11.04.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои масъул дар як қатор сохторҳои давлатӣ пешниҳодшударо барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Турсунов Директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боймуҳаммад Сафаров Муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сўҳроб Валимадов Муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Абдулҳамид Нозимов бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти мамлакат Сайдамир Ҷононов Директори филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи С. Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва Назрулло Амиров Директори институти иқтисодиёти кишоварзии Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин шуданд.

Зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба заҳмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлати Тоҷикистон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки вазифаҳои муҳими бар душашон гузошташударо бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ иҷро намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520