Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ

15.04.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар конфронс, ки дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳои марбута ва намояндагони кишварҳои мададрасону созмонҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, намояндагони кишварҳои мададрасону созмонҳои байналмилалии молиявиро ба ҳамкории босамар дар татбиқи барномаи ислоҳоти ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ даъват намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «таҷдиди соҳа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидани он”-ро аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ин ислоҳот арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки зимни ин конфронс паҳлўҳои гуногуни рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил қарор мегирад ва барои муайян намудани қадамҳои минбаъда тавсияҳои судманд таҳия ва пешниҳод хоҳанд шуд.

Тавре зикр гардид, ислоҳоти мазкур соҳаи кишоварзиро дар маҷмўъ бо соҳаҳои мелиоратсия ва идораи захираҳои об, ҳуқуқи истифодабарии замин, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ ва дигар соҳаҳои марбута дар бар гирифта, дар асоси шарикии давлат бо бахши хусусӣ амалӣ мегардад. Дастгирии бахши хусусӣ, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кишоварзон ва дар маҷмўъ рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар аз ҳадафҳои асосии ислоҳот номида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таъсири иҷтимоии чунин тадбирҳо таъкид дошт, ки ислоҳоти маҷмуии соҳаи кишоварзӣ бояд тавре амалӣ гардад, ки ба мардум, хусусан аҳолии осебпазири деҳот зиён нарасад.

Дар қисмати ифтитоҳии конфронс, ҳамчунин Раиси Шўрои ҳамоҳангсозии донорҳо, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеши суханронӣ намуда, оғози чунин ислоҳоти маҷмуӣ ва нахустин натиҷаҳои судбахши онро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт.

Дар фароварди қисмати ифтитоҳӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини ҷониби Тоҷикистон ва ҳам намояндагони кишварҳои мададрасону созмонҳои байналмилалии молиявӣ талаб намуд, ки сифати корҳо дар интихоби тарзу усули корбарӣ ва ширкатҳою мутахассисони дохилию хориҷӣ барои иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ баланд бардошта шавад. “Бояд ширкатҳо ва нафароне ба татбиқи лоиҳаҳо ҷалб карда шаванд, ки донишу малакаи зарурӣ, таҷрибаи кофӣ ва имконоти моддию техникӣ дошта бошанд” – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520