Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусӣ аст, баррасӣ шуд.
Ба густариши ҳамкорӣ барои ташхису табобати бемориҳои гуногун, омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон ва донишу таҷриба, дастгирии техникии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.
Ба он аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва аз ҷониби Белгия Президенти ассотсиатсияи мазкур Дирк Ламбрехтс имзо гузоштанд.
Зикр гардид, ки минбаъд дар асоси ин санад Барномаи ҳамкории Тоҷикистону Белгия дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва татбиқ хоҳад шуд.