Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар брюсел бо Муовини Сарвазир - Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба нақши Белгия дар татбиқи амалии Созишнома дар бораи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, аз дастгириҳои пайвастаи он аз рушди Тоҷикистон арзи қадрдонӣ намуд.
Дар муносиботи дуҷониба нақши Бизнес-клуби Белгия – Тољикистон намоён арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди муносиботи сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба вазъи кунунию дурнамои Афғонистон, густариши ҳамгироӣ барои эҳёи ҳаёти осоишта дар ин кишвар ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.