Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Гурўҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ

02.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи таҳияи чораҳои молиявии мубориза бо қонунигардонии маблағ аз Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризмро, ки таҳти роҳбарии Ёвари иҷроияи Котиботи Дафтари гурўҳи мазкур, Муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниел Гласер ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷкистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ доир ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусан бо ҷиноятҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид.

«Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон дар Тоҷикистон корҳои зиёди самарабахш анҷом ёфтаанд. Аз ҷумла, Раёсати назорати молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо ҳамин мақсад таъсис ёфтааст, дар мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо сохторҳои марбутаи кишвар ҳамкории босамар ба роҳ мондааст. ҳамчунин қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия ва қабул гардид. Дуюним маротиба афзудани ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ низ натиҷаи пурзўр шудани чунин мубориза дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Даниел Гласер ба қадамҳои нахустини Тоҷикистон барои мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии кишвар ба стандартҳои байналмилалии вобаста ба ин самт баҳои мусбӣ дода, изҳори боварӣ намуд, ки Нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад.

Барои таъмини самараи бештар аз чунин мубориза густариши ҳамкории сохторҳои Гурўҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кўмакҳои техникӣ ва омўзишу бозомўзии мутахассисон зарур шумурда шуд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520