Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдер

17.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баррасӣ шуд.

Тодд Шнайдер аз натиҷаҳои кори Гурўҳи Хазинаи байналмилалии асъор бо масъулини бахши иқтисодии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома дошт, ахбор дода, аз ҷумла иброз намуд, ки беш аз 6% афзоиш ёфтани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар нишона аз барқароршавии иқтисодиёти он баъди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ аст.

Таъкид гардид, ки Хазинаи байналмилалии асъор ва созмонҳою кишварҳои мададрасон таъсири болоравии нархи маводи сўхту озуқаворӣ дар бозори ҷаҳониро ба иқтисодиёти Тоҷикистон пайваста зери назар доранд, то ки тадбирҳои муштараки саривақтӣ барои дастгирии рушд ва пешгирӣ аз тамоюлҳои номатлуби макроиқтисодӣ андешида шаванд.

Дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзию саноат, афзун намудани истеҳсоли маводи ниёзи мардум, ба роҳ мондани сиёсати мусоиди пулию қарзӣ ва андозию гумрукӣ аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520