Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Гурўҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷӣ

17.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Гурўҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Фаронса оид ба корҳои хориҷиро бо роҳбарии Леонел Люка ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот мушкилоти вобаста ба об дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ягон лоиҳаеро бар зиёни ҳамсоягони худ амалӣ нахоҳад кард ва мо ҳамеша омодаи муколама ва ҳамкорӣ мебошем».

Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои обии Тоҷикистон, ки имрўз дар ҷаҳон ба нафъи мардуми кулли сайёра босамар татбиқ мегарданд, изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ баҳсу мунозираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаллу фаслу худро меёбанд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба паҳлўҳои дигари авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд сурат гирифт.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520