Зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Алмазбек Атамбоев ба натиҷаҳои гуфтушуниди расмии дуҷониба ва дурнамои робитаҳои судбахши Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки тибқи санадҳои имзошуда ва тавофуқоти зиёди ҳосилгардида, минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамсоя беш аз пеш густариш ёфта, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот низ хеле афзун мегардад.
Барои сабук намудани шароити ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути қаламрави ду кишвари ҳамсоя заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуд.