Зимни боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои афсарону сарбозон муҳайёгардида бевосита шинос шуда, ба вазъи омодагии касбӣ ва ҳарбии онҳо мароқ зоҳир намуд.
Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир дар ин қисми низомӣ ба корҳои сохтмонию ободонӣ, омода намудани шароити будубоши афсарону сарбозон диққати зарурӣ дода шудааст. Ин аст, ки ҳоло қисми низомӣ дорои хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, ошхона, ҳаммом, майдони машқ ва захираҳои зарурии маводи хӯрока мебошад.
Барои дастгирии афсарону сарбозон, таъмини онҳо бо маводи хӯрока ва сабзавоти худӣ, ба ин қисми низомӣ, ҳамчунин 1,5 га замин барои ташкили хоҷагии ёрирасон ҷудо карда шудааст.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии қисми низомӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона, баланд бардоштани омодагии ҷисмонию ҳарбӣ ва аз худ намудани нозукиҳои муҳофизат аз марзу буми Ватани азиз ҳидоят намуд.