Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама

04.07.2013 10:16

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фурсати фараҳбахше бароям муяссар шудааст, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ифтихори фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.

Муносибатҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо бар асари саъйю талошҳои муштарак арсаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи якдигарро фаро гирифта, имрӯз дар марҳилаи рушди устувори худ қарор доранд.

Тоҷикистон Амрикоро яке аз шарикони дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои гуногун ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созанда баланд арзёбӣ менамояд.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба муносибати ин санаи муборак ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Америка – саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520