Дар ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин кӯдакистони хусусӣ, ки бо номи Садаф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Кӯдакистон барои 120 нафар кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, дорои шароити хуби муосир барои будубош, бозию дилхушӣ, истироҳат ва таълиму тарбия мебошад.
Маблағи хизматрасонии кӯдакистон барои як кӯдак дар як моҳ 100 сомонӣ аст. Тавре иттилоъ доданд, сатҳи зиндагии мардум дар ин ҷамоат, ки беш аз 55 ҳазор аҳолӣ дорад, нисбатан баланд аст ва аксари онҳо имкони пардохти ҳармоҳаи чунин маблағҳоро доранд. Гузашта аз ин, соҳибкори маҳаллӣ Саидҷаъфар Ҷобиров тасмим гирифтааст, ки давоми зиёда аз 2 моҳи аввали фаъолияти кӯдакистон, яъне дар миёни ду иди муқаддаси миллӣ-Рӯзи Ваҳдат ва Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кӯдакон ройгон хизмат расонанд.