Дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар, ҳамчунин як корхонаи нави пахтатозакунӣ, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат ба кор омода шудааст, ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дар муддати як сол бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 120 нафар бо кор ва маоши аз 1200 то 1500 сомонӣ таъмин гардидааст. 70 нафари коргарон занону духтарон мебошанд.
Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад. Техникаю таҷҳизоти ин корхона, ҳамчунин каммасраф буда, нисбат ба дастгоҳҳои технологии пешин 50% камтар нерӯи барқ сарф мекунад.
Дар назди ҳамин корхона бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони корхонаи равғанкашӣ оғоз бахшида шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, дар корхона ҳар шабонарӯз то 50 тонна чигит ва ё дони офтобпараст коркард хоҳад шуд. Дар ин корхона 4 навъи маҳсулот-равған, кунҷора, шулуха ва тибити пахта тавлид мешавад. Танҳо равған дар ин корхона дар як сол беш 3 ҳазор тонна истеҳсол мешавад.
Ин корхона то даҳаи охири моҳи декабри соли равон ба кор омода шуда, дар он 105 нафаи дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.