Дар хоҷагии деҳқонии Кӯлоби ноҳияи Вахш бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳ ва шифохонаи хусусии Канзи Шифо низ ба кор шурӯъ намуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин муассисаи деҳотии тиббӣ аз 5 утоқи муоина, аз ҷумла ташхиси ултрасадоӣ, санҷиши барқии кори дил, амрози занона, дандонпизишкӣ ва озмоишгоҳи кимиёӣ иборат буда, ҳамчунин дорои 12 кати хоб мебошад. Ояндаи наздик шумораи катҳои хоб ба 22 адад расонда мешавад. Дар ин муассиса ҳоло 22 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.