Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд

14.07.2013 08:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба фаро расидани ҷашни миллии кишваратон – солгарди ба даст овардани Бастилия сарфарозам ба Шумо ва мардуми дӯсти Франсия табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.

Мо Ҷумҳурии Франсияро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Франсия сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520