Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Алберти II барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Аълоҳазрат,
Боиси сарфарозист, ки Шуморо ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.
Изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.
Ба Шумо, Аълоҳазрат, саломативу бурдбориҳо ва ба мардуми дӯсти Белгия – саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».