Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Шоҳи Белгия Филипп

23.07.2013 09:15

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Аълоҳазрат,

Сарфарозам муносибати фархундаи ба тахт нишастани Аълоҳазратро самимона табрик ва муборакбод гӯям.

Робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд. Умедворам, ки дар марҳалаи ҷадиди фаъолияти Аълоҳазрат онҳо таҳкиму тақвияти бештар касб хоҳанд кард.

Ба Шумо дар ин маснади олӣ дастоварду комёбӣ, ба мардуми дӯсти Белгия пешрафту рифоҳ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520