Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн

06.08.2013 19:02, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро ирсол намоям.

Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.

Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда рӯ ба густариши бемайлон хоҳанд ниҳод.

Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Покистон – сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520