Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

14.08.2013 09:13

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати фаро расидани ҷашни солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо ва ба мардуми кишваратон табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.

Изҳори итминон менамоям, ки равобити воқеан дӯстонаи байни кишварҳои мо дар такя ба анъанаҳои неки ҳусни ҳамҷаворӣ дар оянда низ густариш ёфта, боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд гашт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ва бо таъкид ба ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо Покистони дӯст, мехоҳам омодагии хешро барои саъйу кӯшишҳои муштарак ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳоямон иброз намоям.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Исломии Покистон суботи пойдор ва хушбахтиву рифоҳ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520