Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи

15.08.2013 10:41

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷи барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бароям мояи сарфарозист, то Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ифтихори фаро расидани Рӯзи истиқлолияти кишваратон самимона табрику таҳният гӯям.

Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши тоза пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои дӯстию бародарии байни мардумонамон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.

Тоҷикистон Ҳиндустонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва омодаи ҳамкориҳои густурдатар ва амиқтар дар ҳамаи заминаҳои ҳамкорист.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, бахту саодат, пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу амонӣ, пешрафти рӯзафзун ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520