Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

22.06.2011 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 140 нафар кадрҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба вазифаҳои пурмасъулияти ин соҳаҳо таъин шудаанд, ҷамъомад доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таваҷҷўҳи аҳли толорро ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пурзўр намудани мубориза бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар қонуншиканию ҳуқуқвайронкуниҳо ҷалб намуда, онҳоро ба кору хизмати садоқатмандонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард. ҳамчунин таъкид гардид, ки барои тоза намудани сафҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз нафарони тасодуфию ноўҳдабаро ва нопок бояд тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Як қатор кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъин шуданд, аз ҷумла бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сўҳроб Маҳмадов Муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ – Сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа, Бобоҷон Саидов Муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Абдуғаффор Азизов Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Асрор Одинаев Роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишоев бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Директори Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

124 нафар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судя ва роҳбарии мақомоти судии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъин гардиданд, ки 29 касашон занону духтарон мебошанд. Аз 124 каси дар ин соҳа таъиншуда 55 нафар бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд, ки 13 касашон занону духтарон мебошанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин нафарони зиёди дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва пурмасъулият дар сохторҳои прокуратура, корҳои дохилӣ, Агентиии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520