Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсар

22.06.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро бинобар сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Покистон гуфтугў сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Холид Усмон Қайсар ба ҳайси сафири Покистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои дар ин муддат оғозёфта ба анҷоми мантиқии худ расонда мешаванд.

Бо ишора ба имкону захираҳои фаровон ба густариши бесобиқаи ҳамкории судманди дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир изҳори боварӣ карда шуд.

Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Покистону Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе - Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520