Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд

29.06.2011 15:00, шаҳри Душанбе

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳириро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуд, аз ҷумла роҳҳои дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди Тоҷикистон ба маблағи 372 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ, 284 миллион доллари амрикоӣ грант ва 35 миллион доллари амрикоӣ кўмаки техникӣ ҷудо гаштааст. Дар се соли аввали стратегияи нави 5 – солаи дуҷониба, ки моҳи майи соли 2010 қабул шуда буд, ба Тоҷикистон 252 миллион доллари амрикоӣ барои беҳсозии шабакаҳои роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ бояд ҷудо карда шавад.

Ғайр аз ин ҷудо намудани 45 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Барномаи таҳкими идораи захираҳои давлатии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст, ки 20 миллионаш аллакай дастрас гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон арзи сипосу қадрдонӣ карда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки сармоягузории лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ аз мадди таваҷҷуҳи ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ дур нахоҳад монд.

Ашок Кумар Лаҳирӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Бонки осиёии рушд аз идораи иқтисоди Тоҷикистон ва истифодаи босамари маблағҳои ҷудонамудааш ба ин кишвар қаноатманд аст».

Ашок Кумар Лаҳирӣ, ҳамчунин изҳор дошт: «Бонки осиёии рушд аз ташаббусҳои судманди Тоҷикистон доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ пайваста пуштибонӣ мекунад, зеро таъмини гардиши озоди одамон, молу маҳсулот, пул ва хизматрасониҳо дар тамоми қаламрави қитъаи Осиё аз ҷумлаи нақшаҳои асосӣ ва орзуҳои бонки мо аст».

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520