Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба истифода дода шуд, ки дар он 500 нафар толибилм ба донишомузи фаро гирифта мешаванд.
Бинои нави факултети табиӣ риёзӣ дорои 33 утоқу синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла ду синфхонаи компютерӣ, кабинетҳои физика, химия ва биология буда, дар он озмоишгоҳи муҷаҳаз бо техникаи муосир мавҷуд мебошад.
Бинои иловаги таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон бо харҷи 5 миллиону 500 ҳазор аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шудааст.
Зимни шиносои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон донишҷуёнро ба аз худ кардани илмҳои замонавӣ ҳидоят карда, таъкид намуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Дар шафати бинои асосии таълимии Донишкада сохтмони толори муҳташами варзишӣ бо суръат идома дорад, ки соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд. Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки барои омӯзгорон як бинои истиқоматӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бунёд намоянд.
Устодону донишҷӯёни муассисаи олии таълимии минтақаи куҳистони кишвар барои дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи маорифи кишвар арзу сипосу минатдорӣ карданд.