Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт бинои нави филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” ба истифода дода шуд.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 1 миллиону 162 ҳазор сомонӣ сохта шудааст ва дорои 22 утоқи корӣ мебошад. Филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷпромбонк” дар ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол ифтитоҳ ёфта, ҳамзамон фаъолияти босамар доранд.
Сарвари давлат бо шароити утоқҳои кории филиали бонки мазкур шинос гардида, таъкид намуд, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
Масъули бонк бо ҳидояти Президенти мамлакат уҳдадорӣ гирифтанд, ки 3 километр роҳи маҳалиро пурра мумфарш менамоянд.