Дар деҳаи Белгии ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва меҳнати дастии бошандагони ноҳия ширкат варзид.
Дар ин намоишгоҳ кишоварзону хоҷагидорон навъу намудҳои гуногуни неъматҳои моддӣ, аз ҷумла себу нок, олуву шафтолу, чормағз ва дигар анвои маҳсулоти маҳалиро ба маъраз гузоштанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон, занбури асалпарварон ва боғдорони ноҳия бобати васеъ намудани майдони кишти картошкаву боғҳои нав, истифодаи тухмиҳои хушсифат, эҳёи навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти маҳалӣ аз қабили себу нок дастуру ҳидоят дод.
Ҳамчунин дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат дар хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо, ки роҳбарии онро собиқ фармондеҳи неруҳои мухолифин дар минтақа Мирзохӯҷа Аҳмадов ба уҳда дорад, бо рафти ҷамъоварии ҳосили картошка шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии Аҳмадовҳо дорои 3 гектар замин буда, имсол дар як гектари он кишти картошка ва қитъаҳои дигар боғи нав бунёд намудаанд. Деҳқонони хоҷагӣ азм доранд, ки аз кишти картошка зиёда 400 сентнер ҳосил ба даст биёранд.