Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

01.07.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва Раиси вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ахбори раиси вилояти Хатлон Ѓайбулло Афзал доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи аввали соли равон, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, ҷамъоварии ҳосили ѓалладонагиҳо ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ, корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ҳамчунин омодагӣ ба фаъол намудани нерўгоҳи барқии Сангтўда-2 шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилояти Хатлон доир ба таъмини рушди бонизоми иқтисодӣ, тезондани ҷамъоварии ҳосили ѓалладонагиҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва дигар корҳои номбурда супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520