Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

11.07.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат Сарвазири кишвар Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президент, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат ва як қатор корхонаю муассисаҳо ва раисони вилоятҳо иштирок намуданд.

Доир ба мавзўи асосии машварат – ҷамъбасти пешакии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли равон, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Фарух Ҳамралиев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гул, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Қодири Қосим, вилояти Суғд – Қоҳир Расулзода ва вилояти Хатлон – Ғайбулло Авзал шунида шуд.

Раисони вилоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъоварии ҳосили мева, ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ, хўроки чорво, дигар зироатҳо ва рафти кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ахбор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба рушди бонизоми иқтисоди кишвар, баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Таваҷҷўҳи зиёд, ҳамчунин ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, омодагии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012, дар сатҳи баланди ташкилӣ омода кардани тантанаҳои бахшида ба таҷлили солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла чорабиниҳои оммавии фарҳангию варзишӣ зоҳир гардид.

Аз мардуми саховатпеша даъват карда шуд, ки дар рўзҳои моҳи шарифи рамазон, иди саиди фитр ва таҷлили 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоат дасти кўмак дароз намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520