Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон додан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф овард.
Иштирок дар оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, мавриди истифода қарор додани Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 120 нафар, ифтитоҳи мактаб-интернат барои 320 хонанда ва як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳо бо мардуми касбу кори гуногун аз бандҳои асосии барномаи сафари корӣ ба ин ноҳияи кӯҳистон мебошад.