Дар маркази ноҳияи Дарвоз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои чорошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аён гардид, дар ошёнаи якуми бино маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 8 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Се ошёнаи дигари бино дорои 28 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ мебошанд, ки барои фурӯш бунёд ёфтаанд. Тавре иттилоъ доданд, нархи як метри мураббаъи ин хонаҳо 550 доллари амрикоӣ аст. 8 хона ба 8 оилае, ки ин бино дар ҷойи хонаҳои онҳо бунёд ёфтааст, дода шуд. Калиди хонаҳо ба онҳо аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид. Аҳли ин хонаводаҳо аз хонаҳои нави худ басо хушҳоланд, зеро ба гуфти худи онҳо, ин хонаҳо аз манзилҳои пешинаи аз сангу лой бунёдёфтаашон хеле беҳ аст.