Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

30.07.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 280 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбию махсус сарфароз гардонид.

Маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ бори нахуст дар бинои навбунёди қасри Миллат сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи хидматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро, ки ба мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шудаанд, табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, пурзўр намудани қудрати мудофиавии кишвар, таъмини амнияту суботи ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартиботи ҳукуқӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон барору комёбӣ ва ҷасорату матонати доимӣ таманно кард.

Дар оѓози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо рутбаҳои олии низомӣ ва махсус сарфароз гардондани намояндагони ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қироат карда шуд.

Бо рутбаи генерал – лейтенант сарфароз гардиданд:

- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов;

- Фармондеҳи Гвардияи миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ;

- Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сардори Сарраёсати қўшунҳои сарҳадӣ, Фармондеҳи қўшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо;

- Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов;

- Мудири шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов;

Як зумра кормандони воломақоми дигари сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо рутбаҳои низомӣ ва махсуси генерал – майор сарфароз гардонда шуданд.

Ҳамчунин ду нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 16 кас бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 3 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 23 кас бо ордени Шараф дарҷаи 2, 100 нафар бо медали ҷасорат, 33 кас бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали Шафқат ва 8 нафар марзбонон бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

48 каси дигар, аз ҷумла намояндагони роҳбарияти Судии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи кишвар, Шўрои адлия, Шўрои амният, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон бо медали ҷашнии «20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ба унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва ҳунарманди ансамбли тарона ва рақси Ватани Вазорати мудофиа қурбоналӣ Ёқубов ба унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

38 нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи онҳоро бо арафаи 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо мукофотҳои олии давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520